Додгоҳ рӯзи мурофиаи Т. Солеҳовро таъин кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе эълон кард, ки мурофиаи додгоҳии Тағойназар Солеҳов, бародари Муҳаммадназар Солеҳов - вазири пешини корҳои дохилаи Тоҷикистонро, ки ба ҷиноёти сангине, аз қабили куштор ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, рӯзи 11-уми июн шурӯъ хоҳад кард.
Тибқи парвандаи мазкур, Тағойназар Солеҳов, аз ҷумла дар қатли додарарӯсаш гумонбар мешавад. Тағойназар Солеҳов, соли 1999 бо силоҳи навъи Калашников дар хонаи шахсиаш Далер Фозилов, додари ҳамсарашро, ки корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ будааст, ба қатл расонидааст.

Масъулини додситонии шаҳри Душанбе мегӯянд, Тағойназар Солеҳов баъд аз якуним моҳи барканоршавии бародараш аз симати вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар таърихи 14 апрели соли равон аз сӯи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ба қавли Сайфиддин Сироҷзода, муовини аввали додситони шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноӣ дар ин бора даҳ сол пеш боз шудааст, вале ба далели набудани шоҳидон ва исбот нашудани гуноҳ таҳқиқи ин ҳодиса то имрӯз давом дошт.

Гуфта мешавад, ки шоҳидони ин ҳодиса акнун пайдо шудаанд ва имкон дорад дар мурофиаи рузи панҷшанбе дар бораи Тағойназар Солеҳов шаҳодат диҳанд.

Тағойназар Солеҳов 56 сол дорад ва ахиран масъулияти раҳбарии терминали гумруки шаҳри душанберо бар ӯҳда дошт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҷараёни мурофиаи парвандаи Тағойназар Солеҳов кушод сурат гирифта, ба матбуот иҷозаи ширкат дода мешавад.