Вокунишҳо ба ситоиш аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ

Суханронии раисҷумҳур дар мавриди Шӯрои ҷамъиятӣ ба вокуниши раҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ рӯбарӯ шуд.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шаклан фаъолияти Шӯрои Ҷамъиятиро зарур медонад, аммо мегӯяд, мазмунан ин ниҳод даркор нест.

ЗОЙИРОВ: ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ МУСТАҚИЛ НЕСТ

Зеро ба таъкиди ҷаноби Зойиров, аз 3 ҳазор созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, танҳо беш аз 80-тои он, ки барои ҳукумат мувофиқ мебошанд, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳастанд, аммо барои дигарон имконият дода намешавад.

Раҳматулло Зоиров
Ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, муҳимтарин нукта ин аст, ки «то ҳол баҳсу баррасии ҳамаҷониба дар бораи масоили доғи ҷомеа ва ҳамчунин масоиле, ки аз сӯи мухолифон пешниҳод шавад ва ё мавзӯи марбут ба интихоботҳо дар ин Шӯро ба мушоҳида нарасидааст ва мутаассифона, рӯзномаи Шӯрои ҷамъиятиро ҳукумат ва ё дастгоҳи раиси ҷумҳур муқаррар мекунад, пас мазмунан ин гуна созмон зарурате надорад».



Раҳбари ҲСДТ фазои Шӯрои Ҷамъиятиро озоду демократӣ намедонад ва мегӯяд: «ҳоло ягон бор ҳизби сотсиал -демократ дар ин шӯро бо президент рӯ ба рӯ сӯҳбат накардааст, аммо он ҳизбҳое, ки аз ин созмон берун шуданд, назири ҲНИТ ва ҲДТ ҳамчун эътироз аз ин Шӯро берун шуданд ва ман дар ҳақиқат ба ин ҳизбҳо розиам . Чун дар Шӯрои ҷамъиятӣ воқеияти демократӣ ва плюразми сиёсӣ ва идеологӣ вуҷуд надорад».

Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон низ сабаби берун шудани ин ҳизб аз Шӯрои ҷамъиятиро ба фаъолияти шаффоф надоштани он ва набуди фазои озоду баробар барои ҳама аҳзобу созмонҳои кишвар арзёбӣ кард.

Ҷаноби Ҳусайнӣ гуфт: «ҳаёт нишон дод ва таҷрибаи 5- 10 сола собит кард, ки ин Шӯро танҳо дар хидмати як тараф қарор гирифтааст ва фаъолияташ низ яктарафа аст. Ба ин далел ҳеҷ вақт рисолати худро анҷом надодааст ва Худо медонад, ки анҷом бидиҳад».

"ҲНИТ ДАР ЧОРЧӮБИ ҚОНУН АМАЛ ДОРАД"


Муовини раҳбари ҲНИТ дар мавриди сухани раиси ҷумҳур, ки мухолифони пешин ҳанӯз ҳам дар фикри бунёди давлати исломӣ ҳастанд, афзуд: «албатта назари президент дар бораи мухолифони собиқ аст ва мо ба мухолифони собиқ коре надорем. Аммо имрӯз ҲНИТ, ҳизби қонунӣ аст ва дар чорчӯби қонун фаъолият дорад ва дар ойинномма ва барномаи ҳизб мақсадаш ошкор баён шудааст. ҲНИТ бунёди давлати исломиро ҳадафи худ қарор надодааст ва мо аз ин ҷанба метавонем ҳарф бизанем.»



Аммо бархилофи раҳбарони ҲСДТ ва ҲНИТ, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон бар зарурати фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид мекунад.



Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҲСТ ба РО гуфт: «Шӯрои Ҷамъиятӣ дар муддати 15 сол тавонист умдатарин масоили иҷтимоӣ ва иқтисодиро ҳал карда ва дар он ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд. Ин Шӯро дар шароити феълӣ низ зарур аст ва барои бартараф кардани мушкилоти ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Хосса барои расидани кишвар ба истиқлолияти энержӣ, берун шудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ Шӯрои Ҷамъиятӣ метавонад корҳои назаррасеро анҷом диҳад».

ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА 15 СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1996, як сол пештар аз имзои созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон таъсис ёфтааст, ки раҳбарии онро раиси ҷумҳур ба ӯҳда дорад ва вазифаи он мусоидат ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ унвон мешавад.

Феълан, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон узвияти ин шӯроро надоранд.

Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва демократ дар пайи интихоботҳои порлумонии соли 2005 ва 2010 аз ин шӯро хориҷ шудаанд, вале ҳизби сотсиал-демократ танҳо ҳизби сиёсиест, ки ҳеч гоҳ узви ин шӯро набудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2005 изҳор кард, ки аз Шӯрои ҷамъиятӣ берун меравад, вале то кунун узвияташ дар ин шӯроро ҳифз кардааст.