Баҳси ҷойгоҳи зан дар дини ислом

Нашриёти "Шуҷоиён" китоби нави Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро бо номи "Ҷойгоҳи зан дар ислом" нашр кард.
Дар ин китоб нақшу мақоми зан ва модар дар ҷомеа, аз ҷумла ҷойгоҳи зан дар оила, баробарии фитрии зан ва мард, ҳуқуқ ва ҷойгоҳи модар ва духтар дар шариати ислом, фаъолияти кории занон, таҳсил ва омӯзиши зан аз назари ислом мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

БЕҲУҚУҚИИ ЗАНИ ТОҶИК: ГУНАҲКОР КИСТ?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, муаллифи китоби "Ҷойгоҳи зан дар ислом" ва аз уламои саршиноси Тоҷикистон, беҳуқуқии занҳои тоҷик, бархӯрди номуносиб бо онҳо ва дар шароити пасти иҷтимоӣ қарор доштани модарону духтарон ва нисбат додани ин ҳама мушкилиро ба дини ислом, далели таълифи ин асар арзёбӣ кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода
Ҷаноби Тӯраҷонзода мавҷудияти ин мушкилӣ дар ҷомеаро мероси замони Шӯравӣ ҳисобида гуфт, ки шиори баробарии ҳуқуқи мард ва зан дар он даврон бештар зоҳирӣ буд. Зеро маҳз дар он замон занҳо ба душвортарин корҳо чун кӯчарӯбӣ, роҳсозӣ ва бинокорӣ ҷалб шуданд.

Вай афзуд, "пасттарин корро зан мекунад, камтарин маошро зан мегирад, дар мансабҳои раҳбарикунанда занҳо хеле кам ҳастанд, чӣ дар парлумон ва чӣ дар ҳукумати иҷроия. Занҳо дар корҳои кишоварзӣ ҳастанд. Дар замони Советӣ қариб, ки нисфи сохтмончиҳо занҳо буданд, ки андоваю рангу бор мекарданд. Ҳатто дар солҳои ҳаштодум занҳо дар бригадаҳои роҳсозӣ кор мекарданд. Аз он, ки тамоми кӯчарӯбҳои шаҳру ноҳияҳоямон занҳо ҳастанд шакке нест, воқеият аст."



"ЗАНИ ТОҶИК АЗ ҲАЁТИ СИЁСӢ ДАР КАНОР АСТ"

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, имрӯз низ даст ба як идда аз иқдомоте зада мешавад, ки боис ба хонашинӣ ва аз омӯзиши донишу савод маҳрум мондани духтарҳо ва ҳамин тавр аз корҳои хубу сабук канор мондани онҳо мешавад.

Ӯ барои таъйиди ин иддаояш ҷорӣ кардани бархе аз маҳдудиятҳо ба тарзи пӯшиши мазҳабӣ дар мактабҳо барои духтаронро мисол овард.

Бархе аз коршиносон ва таҳлилгарони масоили занҳо низ ин нуктаҳоро таъйид карда, яке аз сабабҳои дар канор мондани занҳо ва духтарҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоиро дар бесаводӣ ва аз таълим канор мондани онҳо мешуморанд.

"ЗАНОН БАРОИ ТАҒЙИРИ ВАЗЪ ТАЛОШ НАМЕКУНАД"

Мунира Назриева, як таҳлилгари мустақил мегӯяд, мушкил ин ҷост, ки занҳо ва духтарҳои тоҷик худ барои пешравӣ ва тағйири вазъият талош намекунанд.

"Бо кадом сабаб занҳо ба корҳои вазнин ҷалб мешаванд. Чунки савод надоранд. Номҳояшонро навишта наметавонанд. Дар давраи Шӯравӣ ҳуқуқи зан ва мард нисбатан баробар буд. Чаро, ки маҷбуран буд. Маҷбуран буд мактаби миёнаро хонда ба итмом расонидан. Дар давраи мо бошад, ҳозир сад дарсад бовар дорам, ки на ҳама духтарҳо мактаби миёнаро ба итмом мерасонанд",-илова кард ӯ.

Бар пояи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон шумораи занҳо назар ба мардон бештар аст. Вале ба назари ҷомеашиносон, новобаста бо ин теъдоди бузурги нуфус, занҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон натавонистаанд, ҷойгоҳ ва мақоми муассиреро касб кунанд.

Аз ин ҷост, ки давлати Тоҷикистон талош кардааст бо қабули асноди ҳуқуқӣ ва бо ба иҷро гузоштани барномаҳои махсус, нақш ва манзалати занро дар ҷомеа боло бубарад. Дар паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ даъват шуд, ки аз ҳисоби занҳо ҳатман дар мақоми муовинат афрод таъйин карда шаванд, то ба ин васила ҷойгоҳи занҳо дар идораи кишвар бештар шавад.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, аз фаъолони соҳаи ҳуқуқ чунин тарзи масъалагузорӣ аз сӯи раисҷумҳуриро навъе аз эҷоди маҳдудият дар камолоти занҳо меҳисобад.

МАГАР ЗАНИ ТОҶИК АЗ ЗАНИ ҚИРҒИЗ КАМӢ ДОРАД?

Хонум Бобоназарова мегӯяд, ҷомеаи мо аз ҷомеаи барои мисол Қирғизистон тафовут надорад, вале дар он ҷо занҳо дар ҷойҳои аввали
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик
ниҳодҳои расмӣ ва бидуни мамониат фаъолият мекунанд: "Дар паёми худ президент гуфтаанд, ки дар ҳамаи вазорат ва кумитаҳо муовинҳо занҳо бошанд. Чаро ҷонишин? Бинед, қирғизҳо аз мо чӣ фарқ доранд? Ҳозир прокурори генералӣ дар Қирғизистон зан аст. Раиси Додгоҳи олӣ ва вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ зан аст. Онҳо ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва аз лиҳози менталитет монанди моянд."

Ба ақидаи ин донишманди тоҷик, барои онки зани тоҷик танҳо дар инҳисори хона ва матбах банд набошад, пеш аз ҳама ҳукумат бояд муносибатшро бо онҳо иваз кунад. Ва ин ивазсозӣ на танҳо дар доираи фармону дастур ва таҳияи барномаҳо, ки дар рӯи коғаз боқӣ мемонад, балки амалан дар зиндагӣ татбиқ шавад.

Бо ин ҳол дар китоби "Ҷойгоҳи зан дар ислом" дар бораи ҳаққу ҳуқуқи ширкати занҳо дар равандҳи сиёсӣ ва низ имкони ишғол ва ё интихоби онҳо дар курсиҳои раҳбарӣ маълумоти муфассал дода шуда таъкид мешавад, ки ислом ҳеҷ гуна маҳдудиятеро дар ин замина ба занҳо эъмол накардааст.