Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз вакилони Маҷлиси Намояндагон хостанд, моддаи 57-и қонуни интихоботро, ки мояи баҳс миёни ин ҳизб ва Кумисюни марказии интихобот шудааст, шарҳу тафсир диҳанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари дафтари матбуотии ҲНИТ, номаи расмии Кумисюни марказии интихобот, ки таъйиди номзади пешниҳодӣ ба ҷойи вакили истеъфододаи ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагонро рад мекунад, натавонистааст, онҳоро қаноатманд созад: “Нома навиштем, то шарҳи моддаи 57, бахусус, бандҳои алоҳидаи онро аз ин ниҳод дарёфт кунем. Агар парлумон ҳам дар ин маврид посухи қаноатбахш надиҳад, мо ҳақ дорем, ки ба Додгоҳи қонуни асосӣ муроҷиат намоем”.
Моддаи 57-и қонуни интихоботро то кунун Кумисюни марказии интихобот ва Ҳизби наҳзати исломӣ дугона шарҳ медиҳанд. Намояндагони ҳизби наҳзат мегӯянд, ки бандҳои ин модда тасдиқи ваколати номзад аз феҳристи ҳизбиро иҷоза медиҳад, аммо масъулони Кумисюни марказии интихобот мегӯянд, қонун ин гуна ҳуқуқро на ба вакил аз феҳристи ҳизбӣ ва на аз ҳавзаи инфиродӣ то замони камтар аз як сол барои интихоботи навбатӣ надодааст. Яъне, ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дафтари Кумисюни марказии интихобот, бандҳои ин модда ҳам барои интихоботи инфиродӣ ва ҳам барои пешниҳоди вакил аз феҳристи ҳизбӣ дахолати яксон дорад ва баргузории интихоботи такрориро дар ин марҳила иҷоза намедиҳад: “Як нуктаро мегӯям, агар бандҳои ахири ин моддаи қонун дар ҷойи дуввум меомад ва бандҳои аввал дар охир ҷой мегирифт, ин мавзӯъ боиси баҳс намешуд. Аммо чӣ хел мешудааст, ки мо барои интихоботи инфиродӣ ваколат намедодаему ба феҳристи ҳизбӣ дода мешудааст. Ин бандҳо ба ҳардуи ин масъала дахл дорад. Бинобар ин, Кумисюни марказии интихобот ваколат ё мандати нав ба Маҷлиси Намояндагонро намепазирад”.
Аммо Шокирҷони Ҳаким, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи байнулмилалӣ мегӯяд, Ҳизби наҳзати исломӣ барои пешниҳоди нафари сеюмаш аз феҳристи ҳизбӣ ба парлумон набояд мувоҷеҳи мушкил шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, талаби қонун барои интихоботи инфиродӣ дигар асту барои феҳристи ҳизбӣ дигар.
Баҳси миёни Кумисюни марказии интихобот ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳоле рӯ задаст, ки намояндаи ин ҳизб дар парлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзода моҳи гузашта аз ваколати худ дар Маҷлиси Намояндагон даст кашид. Баъд аз ин, Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон асноди Муҳаммадалии Ҳайит, нафари сеюми ин ҳизб дар феҳристи интихоботиаш ба ҷойи Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро барои таъйиди ваколаташ дар ҳафтаи гузашта ирсол карда буд.
Бо ин ҳол, рӯшан нест, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар даҳ моҳи пештар аз интихоботи навбати парлумонӣ то куҷо метавонад нафари сеюмашро то парлумон барад. Вале ба гуфтаи бештари таҳлилгарон, ин талошҳо дар остонаи як интихоботи тозаи парлумонӣ ҳам беҳуда нахоҳанд буд.