Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи 7 май барномаи "Ҳамкории шарқӣ"-ро барои 6 кишвари шӯравии собиқ тасвиб кард.
Бо вуҷуди мухолифатҳои Русия ва адами ҳузури аксари раҳбарони аввали Аврупо дар нишасти Прага, ИА рӯзи панҷшанбе барномаи ибтикории мавсум ба “Ҳамкории шарқӣ”-аш барои 6 кишвари шӯравии собиқ – Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Украина ва Молдоваву Беларусро эълон кард.
Мирек Тополанек, сарвазири Чехия, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, ин барнома ба маънои эҳёи дубораи блокҳои Ғарбу Шарқ нест ва барои тавсиъаи нуфуз нахоҳад ҷангид. Суръат бахшидан ба мушорикати сиёсӣ ва ҳамоиш амиқтари иқтисодӣ миёни 27 кишвари узви ИА ва 6 кишвари шӯравии собиқ ҳадафи аслии ибтикори “Ҳамкории шарқӣ” ном бурда мешавад.
Аммо баъид ба назар мерасад, ки эълони расмии “Ҳамкории шарқӣ” тавонад нигарониҳои Маскавро таскин бубахшад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе, ҳамагӣ як рӯз қабл аз эълони ин ибтикори ИА, алайҳи ҳар навъ талоши сохтани “хутути ҷадиди ҷудокунанда” дар қораи Аврупо ҳушдор дод. Михаил Маркелов, раиси кумитаи равобити байналмилалии Думаи Давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия, рӯзи панҷшанбе нишасти Прагаро як талоши ангезаҳои геополитикӣ доштаи Ғарб барои тавсиъаи нуфузаш ба кишварҳои шӯравии собиқ номидааст.
Аммо раҳбарони Аврупо дар нишасти Прага мояи нигарониҳои Маскав аз ин барномаро бепоя хонданд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана гуфт, бархе баёнияҳои раҳбарони Русия дар қиболи ин нишаст чандон созанда набуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, “Ҳамкории шарқӣ” алайҳи ягон кишвар, аз ҷумла Русия, нигаронида нашудааст.” Раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо низ гуфт, ки ин паймон бар зидди Русия нест.
Ибтикори таҳияи як барномаи хоси ҳамкорӣ барои кишварҳои шӯравии собиқ аз ҷониби Ҷумҳурии Чех, раҳбари давраии ИА, бархоста буд. Чехия мехост исми ин санад “Ҳамкории Аврупо” номгузорӣ шавад, вале дар ниҳоят бар сари ҳамон номи қаблии “Ҳамкории шарқӣ” қарор гирифтанд.
Аммо дар қиболи “Ҳамкории шарқӣ” дидгоҳи 6 кишвари шӯравии собиқ, ки акнун ба ин барнома мепайванданд, низ яксон ба назар намеояд. Дар нишасти Прага руъасои ҷумҳуриҳои Молдоваву Беларус Владимир Воронин ва Аляксандр Лукашенка аслан ширкат наварзиданд. Владимир Воронин гуфтааст, барномаи “Ҳамкории шарқӣ” чандон фарогири кӯмаку пуштибонии кофӣ аз ин 6 кишвар нест.
Қарор буд, даъвати Лукашенка ба ин нишаст пиряхи баландшуда дар равобити қариб ҳамеша сарди Аврупо бо давлати кунунии Беларусро об кунад, вале баъди ин ки раисиҷумҳури Чехия Васлав Клаус гуфт, зимни мулоқоти рӯбарӯ дасти Лукашенкаро фишурданӣ нест, раисиҷумҳури Беларус аз рафтан ба Прага парҳез кард.
Рӯзи 7 май дар маркази Прага, бино ба хабарҳо, ҳудуди 200 эътирозгар, ки бахши аъзамаш тарафдорони аз Беларус фироркардаи мухолифин будаанд, бо шиорҳои “Озодӣ барои Беларус!”, “Озодӣ барои маҳбусони сиёсӣ!” ва “Дар Аврупо барои Лукашенко ҷой нест!” алайҳи ҷалби Минск ба барномаи “Ҳамкории шарқӣ”-и ИА раҳпаймоии эътирозӣ барпо кардаанд.
Бенита Ферреро Волднер, куммиссари равобити хориҷии ИА, гуфт, адами ҳузури раҳбарони Молдоваву Беларус дар нишасти Прага ба маъное нест, ки он ду кишвар азми ҳамкорӣ бо Брюсселро надоранд. Хонум Волднер ҳамин тавр, аз мавзеъгириҳои Русия изҳори таассуф кард, ки талоши истиқрори равобити наздиктар ва қаробати бештари ИА бо кишварҳои ҳамҷавораш дар паҳнои шӯравии собиқро ҳамчун сабқати тавсиъаи “доираи нуфуз” ба қалам медиҳад.