Пешниҳоди ташкили ҳукумати зиддибӯҳронӣ

Ҳизби демократи ҷиноҳи М, Искандаров ба ташкили ҳукумати зиддибӯҳронии Тоҷикистон даъват кардааст.
Ин барномаи демократҳо иборат аз ҳафт боб, ки Барномаи чораҳои коҳиш додани пайомади буҳрони молӣ унвон шудааст, рузи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон, аҳзоби сиёсӣ ва мақомот муаррифӣ шуд.

Кам кардани андозҳо, таъмини шафофияти корхонаҳои бузург, бознигарии ҷиддии сиёсати хусусгардонӣ, таҷдиди қонуни гумрук ва
"Ҳукумате, ки аз технократҳо иборат бошад ва роҳбарони вазоратҳо мардумоне бошанд, ки ҳамон соҳаро аз ҳама бештар ва беҳтар донанд...
ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои зиддибуҳронӣ унвон шудааст. Инчунин ташкили ҳукумати зиддибуҳронӣ яке аз пешниҳодоти ҲДТ мебошад.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, донишманди тоҷик ва муаллифи барномаи зиддибӯҳронии Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров зимни мураррифии ин барнома гуфт, як шарти муҳими иҷроион таъсиси як ҳукумати зиддибӯҳрон дар Тоҷикистон аст. Ҳукумате, ки ба гуфтаи Умаров аз ашхоси шоиста ва ботаҷриба иборат бошад. Вай гуфт: "Ҳукумате, ки аз технократҳо иборат бошад ва роҳбарони вазоратҳо мардумоне бошанд, ки ҳамон соҳаро аз ҳама бештар ва беҳтар донанд ва қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошта бошанд."

Дар ин барнома омадааст, ки ба манзури пешгирӣ аз оқибатҳои бӯҳрон бояд, Қонуни андози Тоҷикистон такмил ва сиёсати андозбандии давлат низ бояд дигар шавад.

Гузашта аз ин мебояд, ки андозсупории корхонаҳои муҳим назири "Талко" ва "Барқи Тоҷик" ва корхонаи сементи Душанбе низ таҳти назорат ва шаффоф шавад.

Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров корхонаи "Талко" ба ҷои 300 миллион танҳо 100 миллион андоз супоридааст, ки ношаффофӣ дар ин маврид ҷой дорад. Аз иқдомоти дигари зиддибӯҳронӣ ба гуфтаи Умаров ҷилавгирӣ аз воридоти қочоқии мол ба Тоҷикистон мебошад, ки зимни гузаштан аз марзҳои гумрукӣ ё вазни мол кам нишҳон дода мешавад ва ё нархи он, ки дар натиҷа маблағҳои зарурӣ ба буҷаи давлат ворид намешавад.

Як иқдоми дигари зиддибӯҳронӣ тибқи барномаи ҲДТ бознигарии сиёсти хусусигаронӣ аст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров пешниҳод
Бояд ҳамаи мардумро ба ин муколама ҷалб кард...
мекунад, ки корхонаҳои хусусишудае, ки фаъолият намекунанд бояд дубора давлатӣ шуда ва аз сари нав хусусӣ карда шаванд. Аммо, гуфт, Умаров чунин коре танҳо дар шароити таъсиси як ҳукумати зиди бӯҳронӣ имкон дорад.

Дар ҳамин ҳол Ашӯрбой Имомов ҳуқуқдон ва раиси собиқи додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин пешниҳод дар сурате имкон дорад муфидтар воқеъ шавад, ки аҳзоби дигар низ онро ҷонибдорӣ кунанд. Ҷаноби Имомов афзуд: "Ба назари ман, агар ҳамин таклифи шуморо ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон масилҳату машварат карда, як модели ҳамин ҳукуматро асоснок карда, дар як ҳуҷҷати дигар пешниҳод мекардед, аз ин худи шумо ҳам бурд мекардед ва ҷомеа ҳам шояд як қадам пеш мерафт."

Намояндагони аҳзоб низ зоҳиран аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд. Муҳамадалӣ Ҳайитов муовини раиси ҲНИТ аз ҷулма гуфт, ки
Ҳукумат хеле босалоҳият аст ва ҳамаи кадрҳои он олиманд...
ҳукмати Тоҷикистон дар андешидани тадобири зиди буҳронӣ дер кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, гуфт ӯ бояд, ҳарчи сареътар ин барнома қабул шавад ва шарти иҷрои он ҳам як ҳукумати зидибӯҳронии бархоста, аз манофеъи умумимиллӣ мебошад. Ҳайитов гуфт, ҳукумат дар танҳоӣ аз бӯҳрон баромада наметавонад ва бояд ҳатман ба сари музокира бо аҳзоб ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бинишинад: "Бояд муколамаро бо тамоми аҳзоб, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираҳо ва доираҳои васеъ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа анҷом диҳад дар робита ба бӯҳрон. Чун ҳукумат дар танҳоӣ аз бӯҳрон баромада наметавонад."

Аммо Одилҷон Ҷабборов мушовири калони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умри иқтисод, ки дар баррасии ин барнома ширкат дошт, гуфт, ҳукумати кунунӣ салоҳият ва тавони комилро барои муқовимат бо бӯҳрон дорад.

Ҷаноби Ҷабборов мегуяд, ҳукумат барномаи зиддибӯҳронӣ дорад ва кор мекунад ва ин ҳарфҳо, ки гӯё ҳукумат чунин барномае надорад ва ё дер ба дарки масъала расидааст ва ё дер кардааст, қобили қабул намебошад: «Дар мавриди босалоҳиятии тими иқтисодӣ бояд бигӯям, ки ин гуна мулоҳиза нодуруст аст, ки гӯё бесалоҳият бошанд, масалан Ғуломҷон Бобоев, вазири иқтисод, олими иқтисоддон мебошад, Бонки миллиро доктори улуми иқтисод роҳбарӣ мекунад, Шариф Раҳимзода, мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар умурии иқтисод, Матлубхон Давлатов низ ҳанӯз дар даврони шӯравӣ доктори иқтисод буд. Ба ҳамин далел, иттиҳомотеро назири бесалоҳиятӣ дар мавриди онҳо истифода кардан комилан ғайри қобили қабул аст.»

Аммо як банди дигари пешниҳодии ҲДТ истифода аз низоми бонкдории исломӣ ва мудохилаи интерактивии давлат ба умури иқтисодӣ дар шароити мубориза бо бӯҳрон мебошад.

Ба гуфтаи бархе аз манобеъ, ҳукумати Тоҷикистон низ қасд дорад то рӯзи чоршанбе барномаи зиддибӯҳронии худро ба порлумон пешниҳод кунад.