Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) 120 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддатро дар ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон қарор додааст.
Ин маблағ барои паст кардани шиддати таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар робита ба дарёфти давра ба давраи ин пул аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул (СБП) гуфт, «дар моҳи май мо 40 миллион доллар аз ин қарзро дарёфт хоҳем кард ва боқимонда давра ба давра ба мо ироа хоҳад шуд».
Сандуқи байнулмилалии пул дар замоне ҳозир шуд 120 миллион долларро дар ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон қарор диҳад, ки ин бонк ӯҳдадор шудааст, мушобеҳи чанд соли қабл ба Сандуқи байнулмилалии пул иттилои ғайривоқеӣ ироа накунад, ҳамчунин муҳосиботи молии худро бар асоси меъёрҳои қонунӣ ба роҳ монад, пулҳои қарзгирифтаро ба мақсад истифода бурда, фаъолияташ таҳти контроли шадиди порлумон қарор бигирад.
Аксел Шиммелпфеннинг, намояндаи СБП дар Тоҷикистон, дар гузориши худ дар робита ба ироаи 120 миллион доллари қарз ба Бонки миллӣ низ ба ҳамин нуктаҳо таъкид карда, гуфтааст, ки бонк ин маблағҳоро бояд барои иҷрои барномаҳо дар мавриди истиқрори суботи иқтисоди меҳтар, ё макроэкономика, ва кумакҳои молӣ ба мардуми камбизоат масраф кунад. Ба илова қарор аст, натиҷаи аудити Бонки миллӣ аз сӯи ширкати «Эрнст энд Янг»-и бритониёӣ пайгирӣ шавад.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, ки натиҷаи аудитро ба ҳукумат ироа кардааст ва ҳоло дар дасти баррасӣ дар ҳукумат аст ва ҳукумат пайгирии онро бар души ягон сохтори давлатӣ хоҳад гузошт.
Хабарнигорон аз раиси Бонки миллӣ суол карданд, ки бар асоси кадом шартҳо Сандуқи байнулмилалии пул 120 миллион доллар қарзро ироа кардааст ва ин маблағ дар ҷирои кадом барномаҳо масраф хоҳад шуд. Шариф Раҳимзода дар посух гуфт, «шарти аслӣ ислоҳот дар сохтори бонкӣ ва идорӣ ҳамчунин низоми бонкӣ ва молиявӣ дар Тоҷикистон аст. Ин қарзи дарозмуддат аст ва ин маблағҳо барои ташкили захираҳои асъори Бонки миллӣ истифода мешавад».
Раиси Бонки миллӣ афзуд, ироаи қарз аз сӯи Сандуқи байнулмилалии пул ба Тоҷикистон роҳро барои ҳамкории мо ба созмонҳои дигари сармоягузори байнулмилалӣ ҳамвор хоҳад кард. Оқои Раҳимзода гуфт, ки Сандуқи байнулмилалии пул дар гузориши худ ба ин нукта таъкид карда, ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоӣ тавсия додааст, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки иқдоми чанд сол қабли Бонки миллӣ, ки ба ироаи иттилооти ғайривоқеӣ 47 миллион доллар кумакҳои молии СБП-ро ба даст оварда буд, ба эътибори Бонки миллӣ ва мақомоти Тоҷикистон латма ворид карда буд. Ва ба ин далел Сандуқи байнулмилалии пул ва дигар созмонҳои сармоягузор аз додани қарз ба Тоҷикистон худдорӣ карда буданд ва аудити Бонки миллӣ низ яке аз шартҳои аслии СБП дар ин замина буд.
Дар ҳоле, ки натиҷаи аудит то ҷое равшан ва иддаоҳои Сандуқи байнулмилалии пул дар робита ба фаъолияти Бонки миллӣ таъйид шудааст, ин ниҳод омода шуд, ба Бонки миллии Тоҷикистон қарз бидиҳад. Ба ивази он, ки Бонки миллӣ дар масрафи қарзи гирифта дигар кутоҳӣ накунад ва ин маблағҳо бо мақсад масраф ва контрол шавад.