Як ҳайат аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон дидор ва мулоқот анҷом додааст.
Дар ин мулоқот Кевин Карти, муошовири аршади пулис дар назди Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкори Аврупо, Мурат Йилдиз, мушовири масоили ниҳодҳои интизомии шӯъбаи стратегии қароргоҳи марказии САҲА ва Оливер Янсер, муошивири умури мубориза бо терроризими дафтари ин созмон дар Душанбе, иштирок кардаанд.
Дар ҷараёни ин мулоқот барномаҳои муштараки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва вазорати дохилаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи маҳви силоҳҳои сабуки кӯҳнасохт, истифода аз сагони бӯгир барои кашфу мусодираи маводи мухаддир, ташкили давраҳои омӯзишӣ барои ходимони умури дохилаи Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаи боло бурдани сатҳи тахассусии кормандони милисаи Тоҷикистон, мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.
Аммо коршиносон мегӯянд, яке аз мушкилоти умдаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мавҷудияти бюрократизм ва набуди сиёсати дурусти ҷобаҷокунии кадрҳост.
Дар ҷараёни дидори ҳайати САҲА бо роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила, аз идомаи раванди тағйирот ва ислоҳот дар ин ниҳоди қудратии кишвар гузориш дода, бар зарурати тақвият ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобила таъкид кардааст. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистони ҳамсоя ва дар гузаргоҳи интиқоли ин мавод қарор доштани Тоҷикистон муҷаҳҳазсозии сохторҳои муборизакунандаи кишвар бо ин маводро муҳим шуморидааст.
Маҳмадалӣ Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ин мулоқот намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо изҳори омодагӣ кардаанд, ки ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҳамчунин ташкили давраҳои омӯзишӣ барои кормандони умури дохилаи Афғонистон дар макотиб ва омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон ёрӣ хоҳанд кард.
Аммо сӯҳбатҳо аз боби ислоҳот дар фаъолияти вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки бархӯрди ҷомеа ва коршиносон бо ин ниҳоди интизомии кишвар мутафовит аст. Ба бовари коршиносон, яке аз мушкилоти умда дар фаъолияти ин вазорат сиёсати нодурусти таъини кадрҳо ба масъулиятҳост. Як нафар аз кормандони пешини вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол собиқаи корӣ дорад ва ҳоло бознишастааст, мегӯяд, дар даврони Шӯравӣ эътимод ва бовар ба кормандони милиса дар муқоиса бо ҳоли ҳозир комилан фарқ дошт. Зеро ҳоло масъулиятҳои калидӣ ба кадрҳое супорида мешавад, ки собиқа ва таҷрибаи кории камтар доранд.
Ҳамин афсари собиқи вазорати корҳои дохила ҳамчунин таъкид кард, ки салби салоҳияти интихоб ва таъини кадрҳо дар сатҳи навоҳӣ ва вилоят ва танҳо ихтиёри марказ вогузории ин кор фасод ва бюрократияро дар ин вазорат афзоиш додааст. Аз сӯи дигар, меафзояд ин ҳамсӯҳбати мо, шумори ходими милиса дар шӯъбаҳои он дар саросари кишвар ба маротиб зиёд аст ва он ниёз ба ислоҳот дорад.
Зимнан дар нишасти ахири Шӯрои амнияти Тоҷикистон раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо интиқод аз фаъолияти роҳбарияти пешини ин вазорат роҳандозии як ислоҳоти ҷидддӣ дар ин сохторро аз вазири тозаинтихоб Абдураҳим Қаҳҳоров тақозо кардааст. Дар пайи ин тақозо вазири тозаинтихоб тақрибан аксарияти масъулони раёсатҳоро иваз кард. Ва бинобар иттиллои як манбаи наздик ба ин ниҳод, ки нахост номаш ифшо шавад, вазири нави дохилаи Тоҷикистон аз тобеинаш тақозо кардааст, ки тамоми талош ва имконоти худро барои таҳкими назму тартиб дар кишвар ба харҷ диҳанд. Вазири умури дохила ба тобеони худ ошкоро эълон кардааст, ки онҳо ҳақ надоранд, ҳамзамон бо кор дар ин вазорат ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғул шаванд.