Боздиди Хадамоти муҳоҷирати Русия аз Душанбе

Анатолий Кузнетсов, муовини мудири Хадамоти муҳоҷирати Русия, ки дар раъси ҳайате аз Тоҷикистон дидан мекунад, гуфт, дар воқеъ танзими раванди муҳоҷират дар дохили Русия бидуни ислоҳи қонунгузории муҳоҷират мушкил хоҳад буд. Ва ба манзури осон кардани шароити ҳузур ва кори муҳоҷирон як силсила пешниҳодоти барои ислоҳи қонунгузории Русия дар заминаи муҳоҷират барои баррасӣ пазируфта шудаанд. Ин пешниҳодот аз ҷумла ба замони ҳузур, иҷозаи кор ва қарордоди кории муҳоҷирон дахл дорад.

«Аз ҷумла, пешбинӣ мешавад, ки бидуни баъди 90 шабонарӯз аз қаламрави Русия хориҷ шудани муҳоҷирони корӣ, тибқи қарордоди коргарӣ замони иҷозаи кори онҳо тамдид шавад, вале барои на бештар аз як сол. Барои муҳоҷироне, ки дар бахши хусусӣ машғул ҳастанд, мо пешниҳоди додани патентро кардем. Тибқи ин патент низ муҳоҷирон метавонанд як сол машғул бошанд, агар қимати ҳармоҳаи онро, ки 1000 рубли русӣ аст, пардохт кунанд. Ва баъди як сол боз метавонанд замони будубош ва иҷозаи кори худро тамдид намоянд.»

Феълан, коргарони муҳоҷири тоҷик баъди 90 рӯзи иқомат дар Русия ҳатман муваззафанд, ки як маротиба аз қаламрави Русия хориҷ шаванд ва дубора вориди марз гарданд, то иҷозаи корро дарёфт кунанд. Бо қабул шудани ин пешниҳоди ислоҳот ба қонун муҳоҷирон метавонанд аз мушкили хориҷу ворид шудан аз марзи Русия озод шаванд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи оғои Кузнетсов, пешниҳоди дигаре, ки сари он ба тавофуқ расидаанд ва низ барои ворид кардан ба қонуни муҳоҷиратии Русия пешниҳод хоҳад шуд, хоста гирифтани муташакилонаи коргарони соҳибкасб аст. Дар раванди интихоби ин нафарон Хадамоти муҳоҷирати Русия низ саҳм хоҳанд дошт ва ин афрод иҷозаи кор ва иқомат дар Русияро дар худи Тоҷикистон тавасути намояндагии ХМР дарёфт хоҳанд кард. Доштани маълумоти олӣ, олии комил ё миёнаи махсус, донистани забони русӣ ва техникӣ барои ин гуна ашхос ҳастмист. Ҳамчунин барои аъзои хонаводаи чунин ашхос низ иқозаи кор ва ҳаққи иқомат дар Русия дода хоҳад шуд.

Аммо баҳси ҷонибҳо бар сари чандин масъалаи дигари вобаста ба ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамчунон идома дорад.

Масъулини ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон мегӯянд, таҷриба нишон медиҳад, ки зимни таҳияи қарордодҳои корӣ амдан ҳаққи маоши коргарони муҳоҷир аз сӯи корфармоён ба манзури коҳиши андозҳо кам карда мешавад. Ва ҳамчунин бандҳое аз қарордодҳо дар сурати ихтисор ё озод кардани коргари муҳоҷир ҳаққи коргарро ҳифозат намекунанд.

Баҳси дигар гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва доштани маълумотномаи сиҳатист, ки солҳо идома дорад, вале ҳамчунон маълумотномаҳои муҳоҷирони мо, ки аз сӯи муассисаҳои Тоҷикистон дода мешавад, дар Русия мавриди эътибор нест. Бо вуҷуде, ки банди даҳи созишномаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон инро иҷоза медиҳад.

Муовини мудири Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфт: «Мо низ манфиатдор ва ҷонибдори додани ин маълумотномаҳои тиббӣ дар Тоҷикистон ҳастем. Вале ин суоли бисёр мушкил аст. Натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳад, ки сол аз сол теъдоди гирифторони бемориҳои сироятӣ ва хоса марговар меафзояд. Ва кӣ кафолат медиҳад, ки дар воқеъ ҳамаи муҳоҷирон солим ва таҳти назорат будаанд?»

Ба гуфтаи масъулини хадамоти муҳоҷирати Русия, зарфи ду моҳи соли равон теъдоди ҳиҷраткунандагон барои кор ба Русия назар ба соли гузашта кам шудааст. Вале бо вуҷуди ин дар соли гузашта бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба сар бурда ё машғули кор будааст. Дар ҳоле, ки тибқи квотаи Русия барои Тоҷикистон 226 ҳазор ҷои кор пешбинӣ кардаст.