Молдова фақиртарин кишвари Аврупост ва 20 дарсади аҳолии он дар берун аз кишвар кор мекунад, то ба хешовандони худ маблағ бифиристад.
Дар деҳоти Молдова вақту замон ях бастааст. Аксари онҳо ризқи худро аз замин меёбанд ва роҳҳои дигари дастёфт ба даромад тақрибан вуҷуд надорад. Ин вазъ ба бонувоне низ пайванд дорад, ки ба бофтани қолинҳои суннатии молдовӣ машғуланд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дасткори онҳо дар бисёре аз кишварҳои Аврупои Ғарбӣ муштарии зиёд доранд.
Дур аз шарру шӯру шаҳрҳои пуриздиҳом, дар рустои кӯчаки Бадиченӣ, хонум Елена Спинел тарона мехонад: "Шабе дар Константа, шаби фаромӯшнопазир..."
Вай тарона мехонад, то танҳояишро ҳис накунад ва бо ҳар мисраъ ангуштонаш қолин мебофанд. Дар берун зимистони сард бо барфу борон паффу пуф мекунад, аммо рӯи қолини Елена садбаргҳо мешукуфанд.
Қолинбофӣ дар Молдова таърихи деринае дорад. Ба одати қадимӣ ҳар наварӯс бояд ба хонаи домод қолинҳоеро барад, ки бо дастони худ бофтааст. Ин гӯё баёнгари ҳунармандӣ, чобукӣ ва зебошиносии духтарон буд.
Хонуми Елена рӯзгорони гузаштаро ба ёд меорад: "Ман қолинбофиро аз модарам омӯхтам. Кас бояд ғалат накунад, зеро ин як кори бисёр мушкил аст."
Даҳсолаҳо пеш қолинбофӣ кори танҳоӣ набуд. Рустоиён ҳашар мекарданд ва занону духтарон ҷамъ мешуданд, то ҳамроҳ қолин бофанд ва тарона хонанд. Қолинбофӣ дар паҳлуи кишоварзӣ рӯзирасони мардум буд. Аммо дар замони Шӯравӣ бо фишори колхозу совхозҳо замин пирӯз омад ва қолинбофӣ ҳамчун як шуғли буржуазӣ ва кори яккадастони зидди коллективонӣ аз байн бурда шуд.
Имрӯз Молдова давлати мустақил, аммо вазъи иқтисодии он бадтар аз гузаштааст. Вақте дар соли 1992 Созмони Милал Молдоваро шинохт, минтақаи соҳили шарқии рӯди Днестр ҷангеро барои ҷудо шудан сар кард. Дар чаҳор моҳ нерӯҳои ҷудоихоҳ бо пуштибонии густардаи артиши рус ва казакҳо як бахши Молдоваро ба кишваре табдил доданд, ки ҳанӯз досу болға дар парчамаш дорад. Корхонаҳои саноатии он сӯи Днестр дигар дар ихтиёри Молдова нестанд. Муҳоҷирати корӣ сар шуд ва бозмондагон ба ҳунарҳои суннатӣ баргаштанд.
Хонуми Елена мегӯяд, талош кард, ҳунарашро ба насли нам омӯзонад: "Ман се хоҳарзода дорам. Ман ба онҳо қолинбофиро ёд додам, вале даргумон аст, касе машғул ба ин шавад."
Қолини молдовӣ бозор надорад. Бозорро фаршу қолинҳои Эрону Тукрия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Чин қабза кардаанд. Дар паҳлуи ин қолинҳои гаронбаҳо ё абрешимӣ қолинҳои молдовӣ монанди садбаргҳои пажмурда дар фурӯшгоҳи гул намудор мешаванд. Фурӯши онҳо дар Туркия ба роҳ монда шуд, аммо комёбӣ наовард. Умеди рустоиён ба ҷаҳонгардон аст, ки ҳангоми сафари Молдова аз ин қолинҳо бихаранд, аммо саёйҳи каме ба ин кишвар сафар мекунад.
Аммо ахиран таҳаввули аҷибе рӯй дод. Ин қолинҳо нахустин бор дар намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар Ҳанновери Олмон ба саҳна омаданд. Ва дафъатан таваҷҷӯҳи аксариятро ба худ кашиданд. Тоҷири норвегӣ Кай Роҷер тасмим гирифт, фурӯши онҳоро дар кишвари худ ба роҳ монад. Кай Роҷер мегӯяд, "мо дар Норвегия бӯстонсароҳое дорем, ки қолинҳои сабки қадим ба онҳо бисёр мезебад. Барои осоиш."
Тоҷири дигар Рават аз Ҷойпури Ҳиндустон тасмим гирифт, тавлиди қолинҳои молдовиро дар Ҳинд ба роҳ монад. Вай мегӯяд, тарутозагии ин қолинҳоро дӯст доштааст ва дар оянда қолинҳои ҳинду молдовӣ тавлид хоҳад кард. Дар ин намоишгоҳ фурӯши қолинҳои молдовӣ наздик ба 2 миллион доллар фоида овард. Дар Молдова инро оғози роҳ ба бозори ҷаҳонӣ номиданд.
Акнун хонуми Елена вақте ҳатто қолин мебофаду суруд мехонад, дар умқи дилаш умеде рӯ мезанад ба ояндаи беҳтар.