Маркази минарӯбии Тоҷикистон то соли 2010 поксозӣ шудани майдонҳои минаи боқимондаро ба далели камбуди молӣ ғайри мумкин медонад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон аҳд додааст то моҳи апрели соли оянда тамоми минаҳоро аз қаламраваш барчида ва истифодаи минаҳоро комилан мамнӯъ кунад.
Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси Маркази минарӯбӣ, бо ишора ба ин мушкил мегӯяд, ки тарҳи дархостеро дар бораи тамдиди замони фаъолияти марказаш ба ҳукумат мефиристад: “Тоҷикистон, ки даҳсолаи аввалро дар соли оянда тамом мекунад, наметавонад уҳдадориҳояшро ба иҷро расонад. Аз ин сабаб бо таҳлили муваффақиятҳо ва мушкилу нақшаҳо дархостеро таҳия кардем. Зеро барои Тоҷикистон тақрибан 10 соли дигар зарур аст, ки хатар аз минаро пушти сар кунад”.
СММ ҳам мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ Тоҷикистон то нимаи аввали соли 2010 тааҳудоташ ҷиҳати манъи истифода аз минаҳоро иҷро карда наметавонад. Дар як гузориши Созмони Милал, ки дар поёни соли гузашта нашр шуд, омадааст, ки Тоҷикистон барои барчидани минаҳо аз майдонҳои васеъи қаламраваш пул ва имконоти кофӣ дар ихтиёр надорад. Дар маркази минарӯбии Тоҷикистон ҳам бар ин назаранд, ки ҳукумат барномаи амалиёти зидди минаҳоро тасвиб кардааст, аммо дар чанд соли ахир маблағгузорӣ ба ин барномаҳо коҳиш ёфтааст. Вале Ҷ. Раҷабов мегӯяд, ин навбат ҳам худи Душанбе ва ҳам созмонҳои маблағгузор бояд барои поксозии ҳарчи зуди минаҳо ёрии худро дареғ надоранд.
Коршиносон низ талошҳо барои поксозии минаҳоро бо ишора ба ҳалокати сокинони осоиштаи манотиқи Тоҷикистон нокофӣ медонанд ва мегӯянд, ки бояд ҳукумат талош кунад, то бо ихтисоси маболиғи бештар минаҳои боқӣ монда аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон ва минтақаи шарқии кишварро поккорӣ шавад.
Кумисиюни СММ дар умури халъи силоҳ мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон дар майдони ҳудудан 30 километри мураббаъ мина ва дигар навъҳои маводи тарканда боқӣ мондааст ва он ҳам бидуни назардошти майдонҳои минакоришудаи миёни марзи Тоҷикистону Узбакистон. Ба гуфтаи масъулони Маркази минарӯбӣ, дар кишвар сар аз соли 1992 то ҳоло бештар аз 400 сокини Тоҷикистон ба минаҳо бархӯрда, 350 нафари онҳо кушта шудаанд, ки аз ин ҳисоб 30 дарсадашон наврасон будаанд.
Ҷонмаҳмад Раҷабов мегӯяд, моҳи декабри имсол дар Колумбиё иҷлоси кишварҳои узви Конвенсияи Оттова баргузор мешавад, ки дар он пешниҳоду дархостҳои узви он баррасӣ хоҳанд шуд. Вай бовар дорад, ки, агар дархости Тоҷикистон ҳам дар ин иҷлос пешниҳод шавад, бидуни посух нахоҳад монд.