Бино бар гузориши оҷонси хадамоти кашфи ИМА, ки дирӯз интишор гашт, бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба бузургтарин мояи нигаронии амниятӣ барои Амрико табдил ёфт.
Дар гузориши ҳарсолаи раиси хадамоти кашфи миллии Амрико бахшида ба арзёбии таҳдидҳо инчунин гуфта мешавад, ки дар тули соли гузашта раҳбарияти созмони “Ал-Қоида” заифтар гашт. Санадро дар назди кумитаи хадамоти кашфи Сенат раиси оҷонсӣ Денис Блеир муаррифӣ намуд.
Вай гуфт, бо вуҷуди он, ки “Ал-Қоида” дар муқоиса бо солҳои қабл қобилиятҳои камтар дорад, аммо ба ҳайси таҳдиди аслӣ ба Амрико боқӣ мемонад. Блейр афзуд, алорағми кӯшишҳои ИМА ва муттаҳидонаш шӯришиёни Толибон баъзе минтақаҳои Афғонистонро дубора зери контроли худ гирифтаанд. Дар гузориш эътироф мешавад, ки вазъи амниятии Афғонистон бадтар шуда, мақомоти Покистон барои беҳтар кардани вазъ бояд назорати минтақаҳои наздик ба марзи Афғонистонро дубора ба дасти худ бигиранд.
Дар санад пешгӯӣ мешавад, ки эҳтимол дорад, бӯҳрони молӣ ва рукуди саросарӣ дар тули чанд соли оянда сабаби ба амал омадани мавҷи силсила бӯҳронҳои иқтисодӣ дар кишварҳои дорои иқтисодҳои заифи бозаргонӣ шавад. Дар гузориш омадааст, ки баъзе кишварҳо бо дарки он, ки роҳи баромадан аз ақибравиро пайдо карда наметавонанд, ба сиёсати тахрибкунандаи ҳимоят аз тавлидоти дохилӣ даст задаанд.
Муаллифон менависанд, ки идомаи бӯҳрон бузургтарин таҳдид боқӣ мемонад, чунки ҳар қадар бештар вақт барои оғози эҳёи иқтисод ва системаи молӣ зарур шавад, ҳамон қадар манфиатҳои стротежии ИМА зарар мебинанд. Гузориш ҷамбасти маҳсули кори 16 оҷонси кашфи ИМА буда, сарчашмаи аслии итилоот барои сиёсатмадорон ва Конгресс маҳсуб мешавад.
Дар санад омадааст, ки фишори афзоянда ва амалиётҳои фаъоли Амрико ва муттаҳидонаш дар Покистон мақеи “Ал- Қоида”-ро заиф кардаанд, аммо таъкид мешавад, ки ин гурӯҳ ҳамоно хатарнок боқӣ мемонад ва ба тарҳрезии ҳамлаҳо алайҳи кишварҳои Ғарб идома медиҳад.
Дар давоми соли гузашта ҳукумати Покистон контрол боло баъзе минтақаҳои наздимарзиро аз даст дод ва афзоиши мушкилиҳои иқтисодӣ ҳамроҳ бо норозигии мардум аз ҳукумат мунҷар ба афзоиши ифротгарои миёни аҳолии Покистон гаштаст.
Дар гузориш Эрон ҳамчун бузургтарин мушкил дар Ховари миёна арзёби мешавад. Муаллифони санад навиштаанд водор кардани Теҳрон ба қатъи барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш, ки имкон дорад ҳадафаш тавлиди силоҳи ҳастаист, мушкил хоҳад буд ва дар ин роҳ бояд аз фишори байнулмилалӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо истифода бурд.
Зимни суханрониаш назди кумитаи зи дахли Сенат Блеир, гуфт кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба бӯҳрони саросарии молӣ омода набуданд ва агар ин ақибравӣ боз як ё ду сол идома кунад, хатари ба амал омадани бесуботиҳо ва табадулотҳои давлатӣ меафзояд.