Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари нашрияи “Коммерсант” дар бораи даъвати сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба вазорати умури хориҷаи ин кишварро рад кард.
Рӯзи панҷшанбе “Коммерсант” бо истинод ба як манбаи худ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ дод, ки дипломати воломақоми тоҷик дар вазорати умури хориҷаи Русия сӯҳбати ногуворе дошт ва, аз ҷумла, ба Абдулмаҷид Достиев ёдрас карданд, ки “ташреҳи гуфтаҳои мақоми аввали кишвари хориҷӣ хилофи одоби дипломатист”. Манзур аз истилоҳи “ташреҳи гуфтаҳои мақоми аввали кишвари хориҷӣ” - нотаи эътирозии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Тошканд дар мавриди ҳамоҳангии бунёди нерӯгоҳҳо бо кишварҳои ҳамсоя аст.
Дмитрий Медведев зимни сафари расмияш ба Узбакистон гуфта буд, “Русия ҷонибдори он аст, ки ҳар кишвари минтақа дар мавриди бунёди муассисае бояд бо ҳамсояҳо ба созиш бирасад ва далелҳои аз лиҳози муҳитзистӣ зараровар набудани тарҳро пешниҳод кунад”. Ба истилоҳи дигар, Маскав Тошкандро мутмаин сохт, ки бидуни тавофуқи Тоҷикистон бо Узбакистон дар бунёди нерӯгоҳи Роғун ширкат нахоҳад кард. Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мухолифи сохтани ин нерӯгоҳ аст ва мегӯяд, ки бунёди обанбор боиси камобӣ дар заминҳои кишти пахтаи Узбакистон мешавад.
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороти худ ишора карда буд, ки камтар аз ним сол пеш Дмитрий Медведев аз бунёди нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ карда буд ва эълом дошт, ки дар рудхонаҳои Тоҷикистон боз се нерӯгоҳи дигар ҳам месозад. Ва аммо он вақт раисиҷумҳури Русия дар бораи ҳамоҳанг сохтани бунёди нерӯгоҳҳо бо кишварҳои ҳамсоя ҳарфе нагуфта буд. Ба ин васила Дмитрий Медведев дар “содиқ намондан ба каломаш” айбдор мешавад.
Ба навиштаи “Коммерсант”, дар вазорати умури хориҷаи Русия ба сафири Тоҷикистон ҳамчунин гуфтаанд, ки “изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев алайҳи кишвари саввум, (манзур -Тоҷикистон) равона нашудааст”.
Ва аммо Салими Хатлонӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабари рӯзномаи “Коммерсант”- дар бораи даъват шудани сафир ба вазорати хориҷаи Русияро қатъӣ рад кард. Ба гуфтаи ӯ, сафир ба идораи сиёсати берануи Русия даъват нашудааст ва ягон сӯҳбат бо ӯ ҳам сурат нагирифтааст. Салими Хатлонӣ афзуд, “сафорат талаб дорад, ки “Коммерсант” дар баробари ин хабари дурӯғу фитнаангез дар саҳифаҳояш раддия чоп кунад”.
Зимнан, хабари мавриди накуҳиши вазорати умури хориҷаи Русия қарор гирифтани сафири Тоҷикистон дар Маскавро, албатта бо истинод ба ҳамон хабари нашрияи “Коммерсант” теъдоди зиёди нашрияву сомонаҳои интернетии Русия низ пахш карданд.
Дар ҳамин ҳол Александр Реутов, муаллифи матлаб дар нашрияи “Коммерсант” дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тайъид кард, ки иттилоъ дар бораи даъвати Достиев ба вазорати умури хориҷаи Русияро маҳз аз сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав дастрас кардааст ва ба манбаъи худ дар ин сафорат эътимод дорад. Ва аммо чаро вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи даъвати сафири Тоҷикистон иттилоъи расмӣ нашр накардааст?
Дарёфти посух ба ин суол аз сӯи вазорати умури хориҷаи Русия муяссар нашуд. Александр Реутов бошад дар ин бора мегӯяд, «вазорати умури хориҷаи Русия, зимнан, дар қиёс бо Тоҷикистон мехост ин қазияро пушти парда нигаҳ дорад ва онро дар сӯҳбатҳои ба истилоҳ долонӣ ҳал кунад. Ва на ин ки онро дастраси матбуот гардонад. Ва дар ниҳояти кор, охир нотаи эътирозиро Душанбе ироа карда буд».
Изҳороти раисиҷумҳури Русия дар Тошканд дар мавриди истифода аз рудхонаҳои фаромарзӣ ва ҳамоҳангӣ бо ҳамсояҳо зимни бунёди нерӯгоҳҳо ва вокуниши шадиди мақомоти Тоҷикистон ба он чанд рӯз боз мавриди баррасии нашрияҳои Русия қарор дорад. Бархе аз нашрияҳо, аз ҷумла, “Независимая газета” ҳадс задаанд, ки бар асари моҷарои ахир шояд Русия ҳампаймони содиқаш Тоҷикистонро аз даст диҳад. Бештари нашрияҳо менависанд, ки пуштибонии ахири Маскав аз Тошканд дар баҳси Тоҷикистону Узбакистон оид ба бунёди нерӯгоҳи Роғун аҳдофи иқтисодӣ дорад ва Маскав мехоҳад қабл аз ҳама бозори гази ин кишвари Осиёи марказиро дар ихтиёри худ қарор диҳад. Тошканд ахиран эълом дошт, ки гази худро фақат ба Русия мефурӯшад ва дар татбиқи тарҳи интиқоли гази ҳавзаи Хазар аз тариқи лулаҳои Русия ба кишварҳои вориди ин тарҳ - Қазоқистону Туркманистон ва Русия ҳамроҳ хоҳад шуд.