Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон масъулони ҳавзаи интихоботии рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахтро барои напазируфтани аъзои ин ҳизб ба ҳайъати қитъаҳои раъйдиҳӣ ба додгоҳ кашидааст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳавзаи интихоботии мазкур бе ягон далели воқеъӣ аз пазируфтани намояндагон-и онҳо дар кумисюни интихоботӣ сарфи назар кардааст: “Кумисюни ҳавзавии интихоботи ноҳияи Сино ба далели ин ки дар моддаи 16-и қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихобот сухан пиромуни ҳатмӣ набудани ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ меравад, ворид намудани аъзои ҲНИТ-ро лозим нашумурд. Дар ҳоле ки аксари аъзои ҳавзаи интихоботиро намояндагони ҳизби халқӣ-демократӣ ташкил медиҳанд”.
Қаблан, бо ишора ба ин мушкил бештари аҳзоби сиёсӣ ширкаташон дар интихоботҳои миёндавраиро “бемаънӣ” хонда буданд. Ба гуфтаи онҳо, таҷрубаи баргузории интихоботҳо нишон додааст, танҳо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки раёсаташро президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, шонс ё имкони пирӯз шуданро доранду тамом.
Аммо Кавгӣ Раҳимов, як масъули ҳукумати ноҳияи Сино, иддаъои мақомоти Ҳизби наҳзати исломиро бидуни асос хонд ва гуфт, ки таъйини аъзои қитъаҳои раъйдиҳӣ ваколати Кумисюни интихоботӣ аст ва онҳо нафарони ғайриҳизбӣ ва афроди бетарафро ба узвияти ин кумисюн пазируфтаанд: “Дар ҳавзаи мо ёздаҳ нафаранд. Ҳизби наҳзати исломӣ намояндаҳои худро пешниҳод кардааст, аммо агар мо онҳоро қабул кунем, яктарафа мешавад. Ҳизби халқӣ-демократӣ мегӯяд, бояд дар ҳавза одамони бетараф бошанд. Ин ҷо ягон аъзои ҳизб нест”.
Як моҳ қабл, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом кард, ки дар интихоботи миёндавраӣ барои ишғоли курсии холишуда дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Синои пойтахт иштирок ва номзадии Додихудо Абдуллоев, муовини раҳбари ин ҳизб дар Душанберо пуштибонӣ мекунад. Дар ин сабқат Амир Каттаев, раиси донишгоҳи технологии Тоҷикистон, аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳам ширкат мекунад, ки аз ҳоло аксарият ба пирӯзии ӯро таъкид мекунанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби хокими халқӣ-демократӣ ду ҳизб аз миёни ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистонанд, ки дар интихоботи миёндавраӣ ширкат ва рақобат мекунанд. Барандаи интихоботи миёндавраӣ, ки рӯзи ҳаштуми феврал баргузор мешавад, дар порлумон курсии Каримҷон Қодировро, ки ахиран ба мансаби раиси Донишгоҳи Кӯлоб таъин шудааст, иваз хоҳад кард.