"Дипломатияи мустақим"-и ҳукумати Обама бо Теҳрон

Сюзан Райс, сафири нави ИМА дар СММ

Сафири тозатаъини ИМА дар СММ Сюзан Райс гуфт, Вошингтон пойбанди як «дипломатияи қавиест”, ки музокироти мустақими ҳастаӣ бо Эронро низ дар бар хохад гирифт.
Ин изҳороти хонум Райс баъд аз мулоқоташ бо дабири кулли СММ Бан Ки Мун садо дод.

Бо вуҷуди ин, сафири Амрико дар Созмони милал ба Теҳрон ҳушдор дод, ки агар Эрон ба сарпечиаш аз иҷрои қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ, ки қатъи ғанигардонии ураниумро тақозо дорад, идома диҳад, Вошингтон фишорашро афзоиш хоҳад дод.

Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс таъкид дошт, суханони сафири Амрико дар СММ дар бораи “дипломатияи мустақим бо Теҳрон” ин баёни сиёсати пешгирифтаи Обама мебошад. Гибс гуфт, Сюзан Райс бори дигар тасдиқ кард, ки ҳукумати Обама барои пайдо кардани ҳалли мушкили барномаи ҳастаии Эрон аз тамоми унсурҳои қудрати миллии Амрико истифода бурданист.

Вай инчунин хабар дод, Обама бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Никола Саркози сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст.