Дар ин шабурӯз, ки бӯҳрони газ дар Аврупо фурӯ нишаста, нозирони умур ба баровард кардани бурду бохти тарафҳои зидахли ин бӯҳрон пардохтаанд, як хулосаи аслӣ ин аст, ки Аврупо чорае ба ҷуз аз коҳиш додани вобастагиаш ба воридоти газ аз Русия ва ҷустани роҳҳои алтернативии таъмини бозори гази ин қора надорад.
Айни мавзӯъ – пайдо кардани манобеъи алтернативии таъмини кишвар бо гази табиӣ барои Тоҷикистон низ матраҳ аст, ки ҳар сол бо Узбакистон бар сари нархи газ ва шеваи пардохти пули он дучори мушкил мешавад.
Тоҷикистон имсол барои ҳазор метри мукааби гази табиӣ ба Узбакистон бояд 240 доллар бипардозад, яъне 65 дарсад бештар назар ба 145 доллар нархи соли гузашта. Фатҳуддин Мӯҳсиддинов, раҳбари пешини “Тоҷикгаз” дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳанӯз қабл аз рафтан аз ин мақом ба ҳукумат пешниҳод карда буд, ки дар матни қарордоди Душанбеву Тошканд банде илова шавад, ки дар сурати поин рафтани нархи ҷаҳонии газ, бозбинии нархи барои тамоми сол таъйинкардаи Узбакистонро мумкин гардонад. Фатҳуддин Мӯҳсиддинов гуфт, як роҳи бурунрафт аз мушкили пайвастаи Тоҷикистон дар масъалаи таъмини газ пайдо кардани масирҳои алтернативӣ, аз ҷумла, тарҳи лӯлаи газест, ки бояд аз Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон то ба ноҳияи Румии вилояти Хатлони Тоҷикистон кашида шавад. Роҳи дигар, ба бовари раҳбари собиқи “Тоҷикгаз”, истифодаи бештар аз манобеъи ватанист.
Ин дар ҳолест, ки захираи газ дар зери бистари хоки Тоҷикистонро заминшиносон дар ҳудуди 3 триллион метри мукааб ҳадс мезананд. Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон асосан ду ширкати хориҷӣ ба корҳои иктишофӣ ва истихроҷи газ машғул аст. Ширкати канадоии “Тетис петролеум” барои анҷоми корҳои иктишофӣ аз 5 кони гази Тоҷикистон хатти муҷавиз ба даст оварда, ду кони нисбатан хурдро алакай фаъол кардааст. Ширкати дуввуми фаъол дар ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон “Газпромзарубежнефтегаз”, ширкати вобаста ба тарҳҳои хориҷии “Газпром”, бузургтарин тавлидкунанда ва фурӯшандаи гази Русия мебошад. Сухангӯи ин ширкат Иван Гоголев дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон барои корҳои иктишофӣ 4 хатти муҷавиз ба даст овардаанд ва феълан дар марҳалаи омода кардани мутахассисон ва эъзоми таҷҳизоти фаннӣ қарор доранд, то ба корҳои саҳроӣ оғоз кунанд.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи раҳбари собиқи “Тоҷикгаз” Фатҳуддин Мӯҳсиддинов, танҳо 5 дарсади ниёзмандиҳояш ба гази табииро аз ҳисоби истихроҷи газ аз конҳои ватанӣ бароварда гардонда, боқӣ гази лозим барои кишварро аз Узбакистон ворид мекунад. Тоҷикистон соли гузашта аз Узбакистон беш аз ним миллиард метри мукааб газ ворид кард, ки барои Душанбе беш аз 70 миллион доллар тамом шуд. Вале имсол барои айни миқдори газ “Тоҷикгаз” мулзам аст, ба Узбакистон қариб 50 миллион бештар, яъне 120 миллион доллар бипардозад.