Баҳои доллар дар Тоҷикистон боло рафт

Дар дӯконҳои саррофии Душанбе қурби доллар дар баробари сомонӣ якбора 23 нуқта боло рафт. Ҳоло нархи хариди як доллари амрикоӣ аз 3 сомонию 47 дирам то ба 3 сомонию 70 дирам боло рафтааст. Сарфи назар аз болоравии нархи доллар бештари саррофон мегӯянд, ки барои фурӯш доллари нақд надоранд.
Саид, масъули як дӯкони саррофӣ дар Душанбе мегӯяд, ахиран, тақозо ба доллар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи вай, мардум талош доранд, то дар шароити буҳрони молиявӣ бештар пулҳои худро дар шакли доллари амрикоӣ нигоҳ доранд.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, болоравии қимати доллар боиси нигаронии Бонки миллӣ шуда, ин бонк дар паи андешидани тадбир аст. Шариф Раҳимзода гуфт, Бонки Миллӣ тасмим гирифтааст , ки як миллион доллари нақдро барои коҳиши баҳои он бо қимати 360 сомонӣ барои сад доллар ба фурӯш гузорад.

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, болоравии чашмраси қимати доллар ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ марбут аст. Вай гуфт, дар канори коҳиши мизони интиқоли маболиғи муҳоҷирон, ҳамчунин даромад аз ашёи содиротии Тоҷикистон низ бағоят коҳиш ёфтааст. Ба унвони мисол, Шариф Раҳимзода эълом кард, ки тавлиди алюмин ва пахта дар Тоҷикистон дар як соли ахир мутаносибан беш аз 18 ҳазор ва ҳудуди 35 ҳазор тон коҳиш ёфтааст. Гузашта аз ин, қимати ду маводди ёдшуда дар бозорҳои ҷаҳонӣ мутаносибан 50 ва 40 дарсад коҳиш ёфт, ки дар маҷмӯъ ба коҳиши воридоти арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон мунҷар шудааст. Танҳо ба ин далел дар чанд моҳи ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 120 милллион доллар камтар арзи хориҷӣ ворид шудааст.

Одил Давлатшоев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, афзоиши қиммати доллар ба болоравии мизони таваррум дар Тоҷикистон ва бархе аз кишварҳои дигар рабт дорад. Ба гуфтаи вай, ҳамчунин нигаронии мардум аз худдории бонкҳо аз додани қарз бо доллари амрикоӣ низ боис ба болоравии қурби долар шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз авомили дигари афзоиши қиммати доллар дар Тоҷикистон амалиёти ҳаннотии бархе аз масъулони бонкҳо ва талоши онҳо барои ба таври сунъӣ боло бурдани қиммати арз будааст. Ба қавли онҳо, дар пайи ин амалиёт масъулони бонкҳо суди ҳангуфте ба даст меоранд.

Коршиносон мегӯянд, идомаи болоравии қиммати доллар дар Тоҷикистон амри ногузир аст. Зеро, дар чанд моҳи ахир камбуди доллар дар Тоҷикистон бо иллати коҳиши қимати алюмину пахта ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон сахт эҳсос мешавад.

Ш. Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ гуфт, дар шароити феълӣ имконоти Бонки миллӣ барои ҷилавгирӣ аз идомаи афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ дар ин кишвар маҳдуд аст. Ба гуфтаи вай, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати доллар Бонки миллӣ бояд ҳар моҳ то 235 миллион доллари нақд ба фурӯш гузорад, вале ҳоло аз чунин имконот бархӯрдор нест. Зеро мизони захираҳои арзии Бонки миллии Тоҷикистон дар як соли ахир аз 350 милллион то ба 198 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки сад миллион аз ин маблағро захираи тило ташкил медиҳад.