Ин мавзӯъҳо имрӯз, 11-уми декабр, дар як мизи мудаввар миёни депутатҳо, намояндагони ҳукумат ва ҳамчунин коршиносони байнулмилалӣ аз Барномаи рушди СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баҳс қарор гирифт.
Гулчеҳра Бозорова, раиси кумитаи иқтисод, молиёт ва буҷаи порлумон дар ин нишаст гуфт, ки бахши аъзами андозҳо аз ноҳияҳо ҷамъоварӣ шуда, ба буҷаи марказӣ меравад ва ноҳияҳо барои таъмири роҳҳо имкони молӣ надоранд. Вай афзуд, андози ҷамъовардаи ноҳияҳо аз истифодаи роҳҳо сад дар сад мебояд ба ихтиёри худи ноҳияҳо гузошта шавад, то онҳо тавонанд роҳҳоро таъмин кунанд.
Ислом Талбаков, намояндаи дигари мардумӣ дар порлумон, гуфт, дар сурате метавон шаффофияти буҷаро таъмин кард, ки андозсупоранда бидонад, ки андози ӯ дар кадом соҳа масраф мешавад. Вай афзуд «масалан, ман мошин дорам ва андоз месупорам. Ва ман аз давлат талаб мекунам, ки роҳро таъмин кунад, вагарна хисороти ворида ба мошини ман аз роҳи вайрону валангорро бояд давлат пардохт кунад».
Нарзулло Абибулоев, раиси идораи буҷаи вазорати молияи Тоҷикистон, дар посух ба ин иддаоҳои депутатҳо гуфт, «андози дар маҳалҳо ҷамъшуда сад дар сад дар ихтиёри ниҳодҳои маҳаллӣ қарор дорад ва андозҳои дар миқёси ҷумҳурӣ ҷамъшуда аз сӯи давлат танзим мешавад. Андозҳои истифодаи роҳҳо ночиз аст ва 10 дарсади масраф дар ин бахш аз сӯи давлатро ташкил медиҳад ва бо ин далел бахше аз роҳҳо бетаъмир мемонад».
Вале оқои Абибулоев нагуфт, ки беш аз 19 ҳазор километр роҳҳои Тоҷикистон бесоҳибанд ва ба ин далел таъмири ин роҳҳо дар буҷа инъикос нашудааст. Вай дар ин баҳс дар бораи ба шӯразору ботлоқ табдил шудани заминҳо ва роҳҳои валангор мақомоти маҳаллиро айбдор номид. Вай гуфт, онҳо дар ин бора сари вақт ҳисобот намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол депутат Сафаралӣ Гулов ин суолро матраҳ кард, ки буҷаи вилояти Хатлон иҷро нашудааст, зеро ҳисобҳои вазорати молия ба авзоъи воқеъии ин вилоят созгор нест. Пас чаро вазорати молия рафта вазъро таҳлил ва бар асоси он буҷаро тарҳрезӣ намекунад?
Нарзулло Абибулоев дар посух ба ин суол низ ба бемасъулиятии раҳбарони ноҳияҳо таъкид кард. Вале оқои Абибулоев ба иддаоҳои дигари депутатҳо ва коршиносон дар робита ба норавшании бахши масрафи ӣуҷа розӣ шуд ва қавл дод, ки давлат аз ин ба баъд барои шаффофияти тарҳи буҷа гом хоҳад бардошт.
Фарида Муъминова, коршиноси Бонки Осиёии Рушд, ба масъалаи дар бахши даромади буҷа ворид кардани қарзҳои давлатӣ, сармоя ва грантҳои хориҷӣ таъкид кард ва гуфт, дар сурате метавон чунин иқдомро пазируфт, ки ҳамин сармояҳои хориҷӣ ва грантҳо ба мақсади иҷрои барномаҳои муайяншуда масраф шавад. Дар сурати дигар ин иқдом судманд нест ва ба адами иҷрои буҷа сабаб хаоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон болиғ ба 30 дарсади ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ, ё нохолиси миллии кишвар аст. Ва дар сурате, ки сармоягузорони хориҷӣ ба далели бӯҳрони молӣ натавонанд сармояҳои худро ба Тоҷикистон сарозер кунанд, дар он сурат буҷа иҷро намешавад ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистон меафзояд.
Кумитаи иқтисод, молиёт ва буҷаи порлумони Тоҷикистон бар он аст, ки дар бахши масрафи буҷаи кишвар норавшаниҳо зиёд аст ва нобаробарӣ дар тақсими буҷа аз ҳисоби андоз миёни буҷаи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо вуҷуд дорад. Ва ин ба адами шаффофияти буҷа ва иҷрои он сабаб шудааст.