Ва бахши даромади ин буҷа 6 миллиарду 800 миллион сомониро дар бар мегирад, ки муъодили 2 миллиард доллари амрикоист. Ин арқом 29 дарсади ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ, нохолиси миллиро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ, нохолиси миллӣ дар соли оянда дар ҳудуди 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ тахмин зада шудааст. Рушди ҳаҷми маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 7,1 дарсад ва мизони таваррум 13 дарсад тахмин шудааст.
Фарқи буҷаи соли оянда аз буҷаи соли ҷорӣ дар он аст, ки дар соли оянда дар бахши маориф 2 миллиарду 437 миллион ихтисосо дода шудааст ва бахши аъзами буҷа барои иҷрои барномаҳои энержӣ, сохтмони нерӯгоҳҳо, эҳдоси хатҳои интиқоли барқ ва таъмири роҳҳо ихтисос дода шудааст.
Вале бархе аз намояндагони мардумӣ ва коршиносон ба воқеъияти таркиби буҷаи соли оянда шак доранд. Ба ин далел, ки қарзҳои давлатӣ ва сармояҳои хориҷиву грантҳо дар бахши даромади буҷа ворид шудаанд. Ва бӯҳрони молии ҷаҳонӣ метавонад ба адами сарозер шудани сармояҳои кишварҳои хориҷӣ дар иҷрои барномаҳои энержӣ шавад.
Аз Гулчеҳра Бозорова, раиси кумитаи иқтисод, молиёт ва буҷаи порлумон, пурсидам, ки ин иддаоҳо дар бораи таркиби бахши даромади буҷаи соли оянда асос дорад ё не? Вай гуфт, «бале, қарзҳои давлатӣ, сармояҳо ва грантҳои хориҷӣ бахши даромади буҷаро ташкил медиҳад».
Ба ин далел Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессор ва раиси бахши иқтисоди меҳтар ё макроэкономикаи институти иқтисоди вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, ин буҷаро воқеъӣ намедонад.
Масъуд Собиров, раиси бахши иқтисоди институти иқтисод низ ба ҳамин назар аст. Вай мегӯяд, «Буҷаи воқеъӣ ҳамон тарҳест, ки бахши воридот, ё даромади он танҳо аз ҳисоби даромадҳои давлат аз фурӯши колоҳо ва андозҳо ташкил шуда бошад, ки на кам аз 90 дарсади буҷаро ташкил диҳад».
Ба ин далелҳо бархе аз намояндагони мардумӣ, ки дар порлумон ақаллиятро ташкил мекунанд ва раъйи онҳо дар муқобили намояндагони порлумон аз ҳизби раисиҷумҳур ночиз аст, аз ин буҷа норозианд. Ва ба гуфтаи онҳо, давлат бо коҳиш додани имтиёзҳо ба бархе аз корхонаҳо метавонист маблағи изофӣ ба миқдори 2 миллиарду 500 миллион сомонӣ ба бахши даромади бӯҷа ворид кунад.
Барои мисол, дар соли оянда барои 27 корхона дар пардохти ҳар навъ молиёт имтиёз дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта ду корхона зиёд шудааст, аз ҷумла ширкати муштараки Тоҷикистону Эрон – «ТоҷИрон», ки ғайр аз насби тракторҳо ба фурӯши бензин ва дигар маводди сухти нафтӣ ихтисос дорад.
Намояндагони мардумӣ дар порлумон ба ниёз доштани ин корхона ва корхонаи алюминиюм, ё Талко ба имтиёз аз сӯи давлат шак доранд. Барои мисол, депутат Мирзобек Ҳоҷиев дар ҷараёни баррасии буҷаи соли оянда аз вазири молия суол кард, ки ба чӣ далел корхонаи алюминиюм аз пардохти бархе аз молиётҳо озод аст ва равшан нест, ки ин корхона чи қадар ба буҷа даромад ворид мекунад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, дар посух гуфт, дар ин бора қарори ҳукумат аст, ҳамчунин бо тақозои раисиҷумҳур ба ин далел, ки корхонаи Талко аз ҳисоби даромадҳо ду корхонаи нав бунёд мекунад, ҳамчунин дар Гармчашмаи Бадахшон истироҳатгоҳ бунёд мекунад, аз ин корхона молиёти камтар рӯёнида мешавад.
Аммо бархе аз намояндагони мардумӣ, ҳамчунин коршиносон ин иддаоҳоро намепазиранд. Ба гуфтаи профессор Ҳ. Умаров, ин корхона бо он ки давлатӣ унвон шудааст, аз системи иқтисоди ҷумҳурӣ хориҷ аст ва дар ихтиёри вижа қарор дорад ва вазоратхонаҳои зиддахл аз дахолат дар фаъолияти ин корхона дасткутоҳанд. Вай гуфт, «мардум бо дар назар гирифтани матолиби чопӣ дар расонаҳои хабарии хориҷӣ ва дохилӣ дар робита ба баррасиҳои қазияи корхонаи Талко дар додгоҳи Бритониё ба шаффофияти ин корхона шак доранд».
Профессор Ҳ. Умаров афзуд «ба чи далел ҳеч кас ҳозир нест дар бораи фаъолияти корхона ва фурӯши алюминиюм дар бозорҳои ҷаҳонӣ иттилоъ бидиҳад».
Ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси иқтисод, даъвои мақомот, ки ин корхона ба бӯҷа даромади зиёд ворид мекунад, ҷуз афсона чизи дигаре нест. Ба назари Т. Абдуҷаббор, агар корхонаи Талко ва боқӣ 27 корхонаи имтиёздор ба буҷа пул ворид мекарданд, дар он сурат бахши тандурустӣ, маориф ва сохтмони роҳҳо ба мушкил рӯбарӯ намешуд. Ин дар ҳолест, ки дар буҷаи соли оянда низ барои коҳиши бемории сил дар Кӯлоб маблағи зарурӣ ихтисос дода нашудааст ва давлат дар ҳалли ин мушкил чун ҳамасола ба гранту кӯмакҳои хориҷӣ умд мебандад.
Мушобеҳи он, ки дар соли оянда низ беш аз 19 ҳазор километр роҳҳои Тоҷикистон бесоҳибанд ва таъмири ин роҳу ҷодаҳо дар буҷа инъикос нашудааст. Ҳамон тавре, ки зиёд кардани ҳуқуқи моҳонаи муаллимон на аз ҳисоби буҷа, балки аз ҳисоби кам кардани ставка, ё соатҳои таълимӣ роҳандозӣ мешавад.