Дастаи «Регар» ТадАЗ пас аз пирӯзӣ дар даври 30-юм дар меҳмонӣ бар рақиби аслиаш - «Хуҷанд»-и Хуҷанд - бо ҳисоби 2:1 мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор намуд. Муддаъии аслии унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ - 65 имтиёз ба даст овардааст. «Хуҷанд» бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ ду бозӣ камтар анҷом додааст. Довталаби дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров - бо 57 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
1. | «Регар» ТадАЗ | 25 | 21 | 2 | 2 | 84-22 | 65 |
2. | «Хуҷанд» | 27 | 20 | 2 | 5 | 46-19 | 62 |
3. | «Парвоз» | 25 | 18 | 3 | 4 | 55-19 | 57 |
4. | «Вахш» | 28 | 17 | 3 | 8 | 44-26 | 54 |
5. | «Энергетик» | 28 | 12 | 3 | 13 | 51-42 | 39 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 28 | 12 | 1 | 15 | 44-50 | 37 |
7. | «Динамо» | 24 | 10 | 5 | 9 | 35-34 | 35 |
8. | CSKA «Помир» | 29 | 7 | 2 | 20 | 21-60 | 23 |
9. | «Саройкамар» | 28 | 6 | 5 | 17 | 36-58 | 23 |
10. | «Гвардия» | 29 | 5 | 4 | 20 | 24-62 | 19 |
11. | «Равшан» | 27 | 4 | 4 | 19 | 27-75 | 16 |
Беҳтарин голзанҳои мусобиқот: Нӯъмон Ҳакимов («Парвоз»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 22-тӯбӣ, Юсуф Рабиев («Вахш»/ «Хуҷанд») – 15.
4-уми ноябр: «Динамо» (Душанбе) - «Энергетик» (Душанбе), «Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров).