Масъулони ҳизб таъсиси марказ ва ё қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар назди бахшҳои ҳизб дар шаҳру навоҳӣ, вилоёт ва пойтахти кишвар ҷиҳати баррасӣ ва расидагӣ ба арзу шикоят ва пешниҳодоти шаҳрвандон аз ҷумлаи тадобири андешида дар доираи ин ислоҳот унвон карданд.
Давлаталӣ Давлатзода, ҷонишини аввали раиси ҲХДТ, гуфт, ҳизб қасд дорад дар ҷаҳорчӯби ислоҳоти оғозшуда фаъолияти аъзо ва махсусан бахшҳои он дар манотиқи кишварро ба таври куллӣ тағйир диҳад. Муъовини аввали раиси ҳизб гуфт, ки бо супориши раисиҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҳизби халқӣ-демократӣ дар назди созмонҳои аввалияи ҳизб дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои қабули арзу шикоёт ва пешниҳодоти мардум таъсис дода хоҳад шуд ва ин қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ қарор аст аз моҳи октябри соли равон ба фаъолият оғоз кунанд.
Оқои Давлатзода афзуд, шаҳрвандони кишвар метавонанд бидуни кадом мамониат ва маҳдудият ба қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ оянд ва арзу шикояти худро ба мақомоти маҳаллӣ ва марказӣ пешниҳод кунанд. Ба гуфтаи оқои Давлатзода, муроҷиати шаҳрвандон дар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ тавассути вакилони маҷлисҳои навоҳиву шаҳр ва вилоёту ҷумҳурӣ, ки узви ҳизби халқӣ-демкоратӣ мебошанд, ба роҳ монда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қисмати аъзами намояндагони мардумӣ дар Маҷлисҳо ва низ мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ҳастанд.
Муъовини аввали раиси ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон эътироф кард, ки дар ҳоли ҳозир дар миёни вакилони маҷлисҳо ва мақомоти кишвар, ки аз ин ҳизб намояндагӣ мекунанд, нафароне низ ҳастанд, ки дар расидагӣ ба мушкилоти мардум камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир мекунанд. Ва дар сурати ошкор шудани ин маворид ва махсусан бидуни расидагӣ боқӣ гузоштани муроҷиати шаҳрвандон чунин нафарон аз ҳизб ихроҷ ва идомаи фаъолияти онҳо дар мақомоти давлатӣ таҳти суол қарор хоҳад гирифт.
Тасмими таъсиси марказҳои қабули арзу шикояти шаҳрвандон тавассути ҳизби ҳокими халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишварро Давлаталӣ Давлатзода аз тадорукоти интихоботи порлумонии соли 2010 унвон кард. Оқои Давлатзода афзуд, ки метавон ин иқомро аз нахустин талошҳои интихоботии ҳизб арзёбӣ кард.
Аммо ба бовари таҳлилгарон аз ҷумла Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, чунин тасмими ҳизб, ки мехоҳад бо ин васила бо мардум, яъне интихобкунанда, наздиктар бишавад, нав нест ва дар собиқа ин корҳо аз сӯи коммунистон низ сурат гирифтааст. Оқои Мамадазимов афзуд, бо ин иқдом ҳизби ҳоким бар нотавонии худ дар расидагӣ ба мушкилоти мардум иқрор кардааст. Зеро аксарияти кулл дар мақомоти маҳаллӣ аъзои ин ҳизбанд. Вале аз тарафи дигар бо ин кори худ ҳизб назорати шадид аз болои фаъолияти ҳокимият дар маҳалҳоро роҳандозӣ мекунад.
Давлаталӣ Давлатзода, муъовини аввали раиси ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, афзуд, бозомӯзии масъулони ҳизб дар маҳалҳо ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии он аз сӯи гурӯҳҳои махсус, ки аз шумори чеҳраҳои саршинос ва мӯътабари ҳизб ташкил мешаванд, аз аҳдофи дигари ислоҳот дар ҳизб хоҳад буд. То ба ин васила имкони поксозии сафҳои ҳизб аз афроди ношоиста ба даст ояд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар соли 1994 замоне, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва давлати Тоҷикистон аз сӯи аксар созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун вориси ҳизби коммунист интиқод мешуд, ташкил ёфт. Дар ҳоли ҳозир раёсати онро раисиҷумҳурии Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Аз 63 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистони 45 нафар узви ин ҳизб ҳастанд ва ба таъйиди масъулони ҳизб, дар ҳоли ҳозир он 115 ҳазор узв доштаааст.