Ҳамчунин садҳо ҳазор аз атбои қобили кори Тоҷикистон рӯзии хонаводаҳои худро дар хориҷ ва умдатан дар Русия бо муздурӣ пайдо мекунанд.
Тоҷикистон дар бештари арзёбиҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар радифи кишварҳои ақибуфтода ва фақир мақом гирифта ва пажӯҳишҳои анҷомшуда ҳокист, ки тақрибан шаст дар сади ҷамъияти он дар зери хатти фақр ба сар мебарад. Ҳаҷми қарзҳои берунаи кишвар дар ҳоли ҳозир беш аз як миллиарду 200 миллион доллар ё худ наздики 28 дарсади маҷмӯъи даромади миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
То кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои баргузоршуда дар Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи байнулмилалӣ дониста нашудааст ва низоми сиёсии ҳоким дар ин кишвар низоми худкома арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон аз лиҳози мизони фасод ва мизони озодиҳои сиёсие, чун озодии баён, дар хутути поёнии гузоришҳои байнулмилалӣ қарор дорад.
Ва аммо бештари коршиносон аз раванди рӯ ба афзоиши муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар ба хориҷа ба унвони сангинтарин мушкили даврони истиқлолият ном мебаранд. Зеро давлат, ки масъулияти таъмини зиндагии шоиста барои атбоъашро бар дӯш дорад дар амри ҳалли ин мушкил оҷиз омадааст.
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик, мегӯяд, номуассирии тадобири давлат ҷиҳати коҳиши ин раванд ҳис ва масъулияти ифтихор аз истиқлолиятро заиф месозад ва аз тарафи дигар бархурди номуносиби масъулин бо тоҷикон дар Русия онҳоро ба ёди даврони шӯравӣ меафканад, ки бидуни мамониат омадурафт мекарданд.
Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисодшиноси тоҷик ва аз муаллифони нахустин тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон, мегӯяд, мушкили аслии даврони истиқлолияти Тоҷикистон ба ихтиёри афроди камогаҳ ва ғайриҳирфаӣ вогузор кардани умури идории бахшҳои мухталиф дар давлат аст.
Оқои Абдуҷаббор баҳрабардории муассир аз манобеъи энержии кишварро гарави аслии истиқлолияти давлатӣ хонда, таъкид дошт, ки дар сурати дуруст роҳандозӣ кардани сиёсати энержӣ Тоҷикистон метавонист дар ин муддат ба пешравиҳои қобили мулоҳиза даст ёбад.
Зимнан ин нуктаро президент Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид кардааст, ки истиқлолияти энержии Тоҷикистон барои ин кишвар масъалаи ҳаёту мамот аст. Ва дар ҷаласаи бахшида ба 17-умин солгарди истиқлолият низ ин ҳарфҳо такроран садо доданд.
Ҳамин тавр, бо гузашти 17 сол аз касби истиқлолияташ Тоҷикистон ҳамчунон як кишвари фақиру дастнигари кӯмакҳои хориҷӣ ва дар роҳи анҷоми ислоҳоти демократӣ ва таъмини озодиҳои сиёсӣ начандон муваффақ боқӣ мемонад. Вале бузургтарин мушкиле, ки ҷилои истиқлолияти Тоҷикистонро дар чашми мардумаш камранг мекунад, нотавонии давлат дар амри таъмини мардум бо ҷойи кору бо маоши шоиста ва ҳам лимити шадиди нирӯи барқ аст, ки ҳамасола бо анҷоми фасли гармо бахши аъзами қаламрави Тоҷикистонро то 7 ва ҳатто 8 моҳ мудаббал ба торикистон мекунад.