Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт, ки дар дифоъи кишварҳои ба таҳдиди Русия мувоҷеҳшуда қарор бигирад.
Иттиҳодияи Аврупо бори дигар истифодаи беш аз ҳадди нерӯи низомӣ аз ҷониби Русия дар Гурҷистон, идомаи нақзи қарордоди оташбас ва ба расмият шинохтани ду минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро маҳкум намуд.
Алорағми пешгӯиҳои афсурда дар бораи тасмими ғайриамаливу заъиф, ИА аз сухан ба амал гузашт. Иттиҳодия раванди гуфтушунид дар бораи қарордоди нави ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Русияро мутаваққиф намуда, эълом намудааст, ки идомаи музокирот ба бозгашти артиши русӣ ба мавқеъҳои пеш аз оғози низоъ бастагӣ хоҳад дошт.
Раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ, ки кишвараш раҳбарии даврии иттиҳодияро ба зимма дорад, баъди нишаст ба назди хабарнигорон баромада, изҳор кард, ки Иттиҳодияи Аврупо қасд надорад дар баробари хоҳиши Русия сарашро хам кунад: “Аврупо бар ин назар аст, ки роҳи ҳалли дарозмуддат ва сулҳомези буҳрони Гурҷистон бояд дар асоси истиқлол, худмухторӣ ва якпорчагии Гурҷистон қабул шавад, на бар асоси чораҳои якҷонибае, ки хилофи қавонини байнулмилалӣ мебошанд”.
Раисҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ, ки кишвараш раҳбарии даврии иттиҳодияро ба зимма дорад, баъди нишаст ба назди хабарнигорон баромада, изҳор кард, ки Иттиҳодияи Аврупо қасд надорад дар баробари хоҳиши Русия сарашро хам кунад: “Аврупо бар ин назар аст, ки роҳи ҳалли дарозмуддат ва сулҳомези буҳрони Гурҷистон бояд дар асоси истиқлол, худмухторӣ ва якпорчагии Гурҷистон қабул шавад, на бар асоси чораҳои якҷонибае, ки хилофи қавонини байнулмилалӣ мебошанд”.
Таҳлилгарон ба он ишора мекунанд, дастикам як қисми танқиди президенти Фаронса аз он маншаъ мегирад, ки Русия 6 банди оташбаси аз тарафи Саркозӣ пешниҳодшударо имзо кард, вале акнун онро нодида мегирад. Аммо Маскав ин ҳама иттиҳомотро рад намуда, иддаъо мекунад, ки постгоҳҳои русии берун аз Осетияи Ҷанубӣ дар қаламрави Гурҷистон воқеъбуда бар асоси тарҳи истиқрори сулҳи мавсум ба “Медведев-Саркозӣ” ташкил шудаанд.
Дирӯз дар Брусел сафири Русия дар ИА Владимир Чизов гуфтааст, ки Маскав танҳо тибқи матни аслии қарордод амал хоҳад кард.
Ташдиди мавқеъи Иттиҳодияи Аврупо бидуни муноқишаҳои дохилӣ ба даст наомадааст. Дар пешнависи нахустини баёнияи нишаст, ки аз ҷониби Фаронса омода шуда буд, дар бораи тасмими мутаваққифсозии гуфтушунидҳо чизе ба чашм намехӯрд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи мақомдорони расмӣ, зери фишори Бритониё, Лаҳистон, Шведсия ва баъзе кишварҳои Аврупои шарқӣ, интиқодҳо алайҳи Русия натиҷа оварданд. Ҳамин тавр, даври навбатии гуфтушунидҳои ИА ва Маскав, ки мебоист 15 – 16-уми сентябр доир мегашт, дар ҳар сурат ба таахир меафтад.
Гуфта мешуд, ки Олмон дар мавқеъаш устувор хоҳад буд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, аз ҳизби христиании демократӣ, ба вазъи хатарзои кишварҳои Аврупои шарқӣ изҳори ҳамдардӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, ӯ маъмулан дидгоҳашро бо муттаҳидонаш аз ҳизби сосиал-демократӣ ҳамоҳанг мекунад ва барои онҳо идомаи ҳамкориашон бо Русия хеле муҳим аст.
Мунтақидони Русияро инчунин эълони он, ки ҳангоми сафар ба Русия ва Гурҷистон 8-уми сентябр Саркозиро раиси Кумисиюни Аврупо Мануэл Баррозу ва масъули сиёсати хориҷии ИА Ҳовйер Солано ҳамроҳӣ хоҳад кард, каме оромтар намуд.
Дар ҳамин ҳол, Н. Саркозӣ изҳор намудааст, ки мулоқот дар Маскав барои ояндаи равобити иттиҳодия ва Русия хеле муҳим хоҳад буд. Сарвари Фаронса гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо омодааст равобиташ бо Гурҷистонро густариш диҳад.