Ҳолбрук даъвои Караҷичро рад кард

Ричард Ҳолбрук, дипломати баландпояи амрикоӣ ва собиқ миёнҷии сулҳ дар Боснӣ, иддаъои раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ, Радован Караҷичро рад кард.

Радован Караҷич рӯзи панҷшанбе вақте барои бори нахуст дар Додгоҳи байнал милалии Ҳейг ҳузур ёфт, гуфт, Ричард Ҳолбрук дар соли 1996 ба вай бар ивази хориҷ шуданаш аз саҳнаи сиёсӣ ва мурооти қарордоди сулҳи Дейтон муомилаеро пешниҳод кардааст.

Аммо Ричард Ҳолбрук гуфт, Амрико ҳич гоҳ чунин муомилаи ба гуфтаи ӯ “ғайриахлоқӣ”-ро пешниҳод накардааст.

Рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи ҷиноёти ҷанг дар Ҳейг, Караҷич иддаъо кард, ки соли 1996 Ҳолбрук ба вай пешниҳод кардааст, ки дар ивази хуруҷаш аз саҳна, Амрико додситонҳоро ташвиқ мекунад, то аз иттиҳоми ҷиноёти ҷанг нисбат ба Караҷич сарфи назар кунанд. Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ аз ҷумла гуфт: Ман бояд ӯҳдадор мешудам, ки аз ҳаёти ҷамъиятӣ даст кашам ва ба ҳич роҳе иҷрои тавофуқномаи Дейтонро зери хатар нагузорам. Ҳатто аз фаъолияти эҷодӣ ва ҳама гуна ширкат дар ҳаёти ҷамъиятӣ даст кашам”.

Караҷич гуфт, Амрико талош кард, ки додситони асосиро барои лағви иттиҳомнома ташвиқ кунад, аммо додситони вақт Ричард Голдстон таҳдид кард, ки агар чунин амал анҷом гирад, вай аз мақомаш истеъфо медиҳад. Караҷич ҳамчунин гуфт, вай эҳсос мекард, ки дар пайи аз миён бурдани вай ҳастанд: Ин масъалаи зиндагӣ ва марг аст. Агар ҷаноби Ҳолбрук марги маро мехоҳад ва ё агар дасти ӯ хеле дароз аст, мехоҳам бидонам, ки оё дасти вай ба ман то ин ҷо низ мерасад ё на”.

Додгустар Алфонс Орие ба Караҷич гуфт, ин мавриди муносибе барои ибрози чунин даъво нест, вале Караҷич метавонад даъвои худро дар вақти муҳокимаи додгоҳӣ ба таври муфассал матраҳ кунад: Ҷаноби Караҷич, зоҳиран Шумо мехоҳед баъзе тавофуқотро, ки дар байни ашхоси марбут ба баъзе кишварҳо ҳастанд, ба таваҷҷуҳи ин маҳкама бирасонед. Албатта, ин маҳкама аз чунин тавофуқот огоҳ нест. Агар шумо мехоҳед, ин масъаларо матраҳ кунед, дар он сурат барои мо муҳим аст, ки ҳамаи далелҳо пеш оварда шаванд”.

Караҷич дар назди додгоҳ бо либоси расмӣ – бо костюму галстук ҳозир шуд ва ба фарқ аз рӯзи боздошташ, ки ӯ мӯю риши дарози парешон дошт, мӯю ришашро тоза тарошида буд. Таври маълум, пеш аз боздошташ, Караҷич бо айнаку ришу мӯи дароз ва номи сохта ба табобати беморон бо тибби ғайримаъмулӣ машғул буд. Дар шурӯъи додгоҳ, ӯ ҳуввияти худро тасдиқ кард ва хеле оромона ба додгустар изҳор кард, ки дар маҳкама аз худ дифоъ хоҳад кард: “Ман як вакили ноаён дорам, аммо аз худ худам дифоъ мекунам”.

Радован, Караҷич, собиқ раҳбари сербҳои Боснӣ барои қатли ом, ҳамдастӣ барои қатли ом, ҷиноят алайҳи башарият, ҷиноёти ҷанг алайҳи ғайрисербҳо дар солҳои 1992 – 95 дар Боснӣ муттаҳам мешавад. Алфонз Орие бахше аз иттиҳомот алайҳи Караҷичро чунин ироа кард: “Айбнома мегӯяд, ки аз якуми июли соли 1991 то 30 ноябри соли 1995, шумо, шахсан ё муштаракан бо дигар мақомоти сербҳои Боснӣ сиёсатеро барномарезӣ кардед, дастур додед, ё ба таври дигар, ташвиқ кардед, ки бо шиканҷа ва наҳваи террор мардумони ғайрисерб аз Боснӣ ва Ҳерзоговина, ки қисмате аз ҷумҳурии Сербистон эълон шуда буданд, берун раванд”.

Радован Караҷич, собиқ раҳбари сербҳои Боснӣ ва ҳоло “меҳмон”-и додгоҳи Ҳейг, то 29 август мӯҳлат дорад, ки ҳама хостҳои худро ба додрас Орие бирасонад.