Таҷлили 11-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоятӣ миллӣ имсол дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, баргузор гардид.
Мардуми шаҳр аз ташрифи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо шеъру таронаҳо ва ифодаҳои «Шоҳаншоҳ», «Подшоҳ», «Ҷаноби олӣ» истиқбол мекарданд. Саросари маркази маъмурии вилояти Хатлон бо шиъору овезаҳои тараннумкунандаи раиси ҷумҳур ва аксҳои бузургҳаҷми ӯ оро дода шуда, нотиқону воъизони ҷашнгоҳ дастоварди сулҳу ваҳдати миллиро ба талошҳои бевоситаи танҳо Эмомалӣ Раҳмон рабт медоданд.
Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар аснои ифтитоҳи чанд бинои маскунӣ, ду маркази тиббӣ, литсейи технологӣ ва муҷтамаъи «Ваҳдат» танҳо масъулини ҳукумати кишвар ҳамроҳӣ мекарданд, аз намояндагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар паҳлуи оқои Раҳмон нафаре ба назар намерасид.
Фаррухи Ниёз, рӯзноманигори маҳаллӣ, дар ин робита мегӯяд: «Дар ягон гӯшаю канори шаҳр ғайр аз акси Эмомалӣ Раҳмон, акси чеҳраи афроде, ки дар расидан ба сулҳу ризояти миллӣ саҳм доштанд, дида намешавад. Тамоми маркази вилоят бо аксҳои вай пур аст, гӯиё Ваҳдати миллӣ ҳама кори танҳо дасти оқои Раҳмон аст. Тамоми меҳмонон намояндагони танҳо ҳукумат буданд».
Дар ҳамин ҳол, дар маросими корандозии студияи нави телевизиони давлатии Хатлон, ки барои нахустин бор аз тариқи шабакаи мустақим ба кори 8-соата шурӯъ кард, дар миёни меҳмонон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, созмони меросбари собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, мушоҳада шуд. Муҳиддин Кабирӣ бо расонаҳо суҳбат накард ва сабаби ташриф наёвардани намояндагони мухолифини пешин, ки хабарнигорон умеди аз забони Кабирӣ шуниданашро доштанд, норавшан боқӣ монд.
Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳеч мавзеъе ҳангоми ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ дар Қӯрғонтеппа ҳозир нашуд, ки дар ҷамъи сокинони маҳаллӣ ва расонаҳои хабарӣ суханронӣ кунад.
Дар барномаи сафари оқои Раҳмон суханронии вай танҳо дар варзишгоҳи марказии Қӯрғонтеппа дар назар аст. Аммо субҳи 27-уми июн вай ба 16 хонаводаи ниёзманд, ки аксаран омӯзгорону табибон будаанд, калиди хонаҳои навро тақдим кард. Меҳриннисо Ҷалилова, устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, ки соҳиби манзили нави сеҳуҷрагӣ шудааст, мегӯяд, то ин замон бо ҳамсару 5 фарзандаш дар манзили якҳуҷрагӣ ба сар мебурд ва бо даромади моҳонаи хонаводагияш, ки ҷамъан аз 200 сомонӣ иборат аст, вазъи сангини иҷтимоъӣ дорад.
Вале бо ин ҳама мунсифона ва ба афроди воқиъан ниёзманд ба манзили зист тақсим шудани хонаҳои навбунёд зери суъол меравад. Дар ин робита шоҳидон мегӯянд, як пизишки пешрави маҳаллӣ, ки дорои маркази савдо буда, дар садади таъсиси дармонгоҳи хусусияш аст, дар баробари омӯзгорони камбизоъату муҳтоҷ соҳиби манзили ройгон шудааст.