Ҷанозаи Хуршедаро ба Душанбе мебаранд


Искандари Хоҷамирзода



Сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров рузи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Хуршедаи 9-сола, ки ба дасти сартарошидаҳои рус дар Санкт-Петербург кушта шуд, рузи 12 феврал ба Душанбе интиқол дода мешавад.

Консули сафорати Тоҷикистон барои мулоқот бо намояндагони сохторҳои амниятии Санкт-Петербург ба ин шаҳр рафтааст ва ҳамчунин кумаки молии сафоратро ба падари Хуршеда супурдааст.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо.