Тоҷикистон воридоти гушти мурғро манъ кард


Раҳматкарими Давлат



Тоҷикистон воридоти гушт ва фаровардаҳои гуштӣ, хусусан гушти мурғро аз кишварҳое, ки бемории зуком ё сармохурдагии мурғӣ густариш пайпо кардааст, мамнуъ кард. Муллоҷон Амирбеков - мудири саридораи байтории Тоҷикистон бо эълони ин хабар рузи панҷшанбе, 29 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар Тоҷикистон бемории зукоми мурғӣ мушоҳида нашудааст ва ин иқдом ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли шуюъи ин беморӣ сурат мегирад.

Аммо гуфт оғои Амирбеков, ба ҳар сурат имкони ворид шудани ин бемориро ба Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад, зеро ворид намудани мол ба тариқи қочоқ ва бидуни назорати байторӣ аз кишварҳои монади Чин эҳтимол дорад ва дар он сурат пайдо шудани зукоми мурғӣ низ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нахоҳад буд.

Аз ҷониби дигар афзуд сардори идораи байтории Тоҷикистон, танҳо роҳи ворид шудани зукоми мурғӣ ба Тоҷикистон бо далели мушкилоти молӣ ва беҳдоштие, ки ин кишвар дорад, паёмадҳои ногувор хоҳад дошт. Ба гуфтаи оқои Амирбеков, феълан ба иллати мушкилоти молӣ ваксина кардани ҳайвонот ва корҳои профилактикӣ анҷом намешавад. Ва танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз густариши зукоми мурғӣ бастани роҳҳои воридотии гушти мурғ аст.

Ба гуфтаи сардори идораи байтории Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар бемории дигари мурғӣ бо номи вабои мурғӣ бисёр густариш ёфтааст ва дар сурати афзуда шудани зукоми мурғӣ ба мушкилоти байторӣ Тоҷикистон тавони муқобила бо онро нахоҳад дошт.