Олмон боз 4 000 000 евро тақдим мекунад


Салими Аюбзод



Ҳукумати Олмон гуфтааст, барои татбиқи барномаҳои пуштибонӣ аз кишоварзӣ ва маориф ба Тоҷикистон 4 миллион евро тақдим хоҳад кард.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС ба нақл аз мудири бахши иттилоъоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов мегӯяд, ин маблағ дар чорчӯби созишномаи байнидавлатии Тоҷикистону Олмон роҷеъ ба ҳамкориҳои фаннии соли 2003-юм ихтисос ёфтааст.

Санади марбут ба кӯмаки нави Олмонро дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров ва сафири Ҷумҳурии Федероли Олмон дар Тоҷикистон Ҳаралд Лешнер имзо кардаанд.