Қарор аст, ки матни Аҳднома рӯзи 30 май аз сӯи ҳайатҳои дар конфронси Дублин ширкатдошта пазируфта, ва баъдан моҳи декабри имсол дар як маросим дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия имзо шавад. Зимнан, музокирот дар бораи таҳияи Аҳдномаи қатъи тавлид ва истифодаи бомбҳои хушаӣ як сол пеш маҳз дар Осло шурӯъ шуда буд.
Ширкатдорони нишаст пазируфта шудани матни Аҳдномаро гоми муҳим мехонанд, зеро, ба гуфтаи Саймон Конуэй, раиси Ҷунбиш барои манъи майнҳои зиддиафрод, “ҳарф сари наҷоти зиндагӣ ва сиҳати даҳҳо ҳазор одамон меравад”.
Бомбҳои хушаӣ барои мардуми осоишта ва, ба вижа, барои кӯдакон хатари бузург дорад, зеро баъди таркиш бомбҳои хурди он инфиҷорнашуда боқӣ мемонанд. Ин бомбҳои хурд, ки таври маъмул, рангҳои гуногун доранд, бештар таваҷҷӯҳи кӯдаконро ба худ ҷалб мекунанд. То имрӯз ҳазорон кӯдак бар асари инфиҷори ин бомбҳо ба ҳалокат расиданд.
Ва аммо гуфта мешавад, ки қабули Аҳднома маънои манъи сартосарии бомбҳои хушаиро надорад – бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи он - Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Ҳиндустон, Исроил ва Покистон аз ширкат дар конфронси Дублин сарпечӣ кардаанд. Ин шаш кишвар бомбҳои хушаиро силоҳи неруманд дар задухурд бо душманон мехонанд ва аз тавлиду истифодаи он даст бардоштанӣ нестанд.
Том Кейсӣ, намояндаи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, аз байн бурдани бомбҳои хушаӣ метавонад ҳаёти сарбозони амрикоӣ ва ҳампаймонҳояшро ба хатар мувоҷеҳ кунад.
Бомбҳои хушаӣ то имрӯз дар низоъҳо дар Камбоҷа, Косово, Афғонистон ва Лубнон истифода шудаанд.