Ба қавли созмонҳои кумакрасон соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ба шаффофият дар иҷрои тарҳҳои муштарак ва кумакҳои байнулмилалӣ ба он ниёз дорад.
Зарфи 15 соли ахир Тоҷикистон барои иҷрои барномаи ислоҳот ва беҳдуби соҳаи беҳдошт беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ аз кишварҳои кумаккунанда ва созмонҳои байнулмилаӣ дарёфт кардааст.
Аммо, ба бовари баъзе коршиносон, дар бахши истифодаи ҳадафмандона ва муассир аз ин кумакҳо навоқис ва камбудиҳое ҷой дорад. Ва намояндагони ниҳодҳои байнулилалии кумакрасон ва масъулини вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ҳоли баррасии роҳҳои истифодаи муассир ва шаффоф аз ин кумакҳо ҳастанд.
Кумакҳои ниҳодҳои байнулмилиалӣ ба бахши беҳдоштӣ умдатан дар амалӣ кардани барномаҳои ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, коҳиш додани фавти модару кӯдак ва густариши СПИД масраф мешавад. Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон низ, дар ҳоле ки аз ироъаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд, адами шаффофият дар истифодаи ин маблағҳоро дар мавориде хос таъйид меунанд.
Дар ҳамин ҳол, Гумира Носирӣ, коршиноси бонки ҷаҳонӣ дар барномаҳои беҳдоштӣ, мегуяд, навҳаи масрафаи кумакҳои соҳаи беҳдоштӣ бояд беҳбуд ёбад ва дар иҷрои тарҳҳое, ки тавассути созмонҳои кумаккунанда саромоягузорӣ мешаванд, бояд шаффофияти бештаре мавҷуд бошад.
Намояндагони созмонҳои кумаккунанда ва коршиносон мегӯянд, ба манзури таъмини шаффофияти иҷрои тарҳҳои муштарак ва ҷилавгирӣ аз истифодаи ғайримақсади кумакҳои байнулмилалӣ бояд як ҳайъати аз сӯи давлати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилаӣ таъсис шавад.
Мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳамчунин мегӯянд, ки барои такрор нашудани буҳрони зимистони гузашта дар бемористонҳои кишвар чораҳои заруриро рӯи даст гирифта ва барномаҳоеро дар ҳоли иҷро доранд. Аз ҷумла, тавассути кумаки созмонҳои байнулмилалӣ бемористонҳо бо рахти хоби гарм ва дастгоҳҳои тавлиди барқ ва дорувор таъмин шудаанд.