Нархи рекордии орд дар Мурғоб

Дар ноҳияи дурдасттарини вилояти Бадахшон - Мурғоб нархи як халта орд ба 175 сомонӣ ва ё 50 доллар расидааст.

Ин дар ҳолест, ки маркази ноҳияи Мурғоб аз шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирғизистон дар масофаи 400 ва аз шаҳри Қошғари Чин дар масофаи 300 километр ҷой гирифтааст. Муовини раиси ҷамоати деҳоти Мурғоб Куканбек Қамчибеков болоравии нархи бесобиқаи ордро дар бозорҳои маркази ноҳия ва махаллоти гирду атроф ба манъи воридоти маводи истеъмолӣ аз Чин ва афзоиши нархи орд дар Қирғизистон бастагӣ медиҳад. Сокини шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷамила Алиева мегуяд, ки вай ордҳои навъи қазоқистониро дар Мурғоб бо нархи 175 сомонӣ ба савдо задааст, аммо бо назардошти афзоиши нархи орд дар бозорҳои кишвари ҳамсоя ва хароҷоти нақлиётӣ имкон дорад, ки нархи орд боз ҳам боло равад.

Ба гуфтаи Хушназар Алиназаров, алҳол бештари сокинони маркази ноҳия дар назди фурушандагони орд қарздор ҳастанд. Вай гуфт, ки дар шароити бекории қариб сартосарӣ ва музди ками кор сокинон илоҷе ҷуз аз қарз гирифтан надоранд. Вай афзуд, аммо барои фурушандагон низ бинобар қобилияти поини харидории мардум қарз додан ва сипас пулро ҷамъ намудан, ягона роҳи тезтари фуруши мавод ва гардиши мол маҳсуб мешавад.

Аноят Шоисматуллоев, як сокини дигар гуфт, ки бархе аз мардум бинобар гаронии нархи орд дар бозор кушиш мекунанд, ки онро аз манотиқи дигар дастрас кунанд.

Муовини раиси ҷамоати Мурғоб чорвопарвариро ягона намуди даромади сокинон арзёбӣ карда гуфт, ки танҳо 40 дар сади сокинони маркази ноҳия имкон доранд, ки аз ҳисоби маҳсулоти чорводорӣ рузгордориашонро саришта кунанд. Савсангул Бандишоева, як сокини ноҳияи Мурғоб баён дошт, ки нархҳои осмонии маркази ноҳия ба вазъи иҷтимоъии тоҷикони муқими ин ҷо, ки қаблан бештарашон дар идораву муассисаҳо фаъолият доштанд, таъсири манфӣ бар ҷой доштааст. Вай гуфт, шумори ҳар чӣ бештари тоҷикон маҷбур мешаванд, маркази ноҳияро тарк кунанд ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Дар Мурғоб ҳудуди 14 ҳазор нафар сукунат доранд, ки наздики 35 дар садашон тоҷиконанд. Тоҷикон умдатан дар маркази ноҳия ва маҳалҳои Аличор ва Булункул зист доранд.

Дар ҳамин ҳол, қиммати орд дар бозори Хоруғ ба 145 сомонӣ баробар шудааст.