Ба иттилоъи расмӣ, фақат дар як шаҳраки Юнчжӣ дастикам 7700 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дигар шаҳру манотиқ – Мянянг, Бейчуан, Диянг, Венчуан ва Чэнду – бар асари заминларза қариб, ки комилан валангор шудаанд. Дар ин мавзеъҳо ҳазорҳо нафар то ҳанӯз ҳам зери оворанд. Мақомоти Чин барои ҳамдастӣ бо наҷотбахшон ва табибон ҳудуди 100 000 низомиён ва кормандони пулисро ба минтақаи офатзада фиристодаанд. Вен Ҷибао, сарвазири Чин, шахсан нерӯҳои наҷотбахшро ба манотиқи офатрасида гусел намуд.
Нашрияи “Вошингтон пост” менависад, ки ташкили амалиёти наҷот ва рафъи пайомадҳои заминларза дар Чин собит мекунад, ки назари Пекин ба пахши ахбор дар бораи ин гуна офатҳои табиъӣ комилан тағйир хурдааст – 32 сол қабл мақомоти кишвар ҳама иттилоъ дар бораи ҳамин гуна заминларзаи мудҳишро чун сирри давлатӣ махфӣ нигаҳ медоштанд. Ҳамзамон ин нашрия меафзояд, ки вокуниши Пекин аз амалкарди мақомоти Мянмари ҳамсоя комилан фарқ мекунад: хунтаи низомии Мянмар бо сари вақт ироъа накардани кумак ба мардуми аз тӯфони мудҳишосебдида ва ҷилавгирӣ аз ёриҳои байнулмилалӣ ҳаёти 2 миллион сокини кишварро зери хатар гузоштааст.
Дар ҳоле, ки вазъ дар Мянмар басо сангин аст, низомиён ҳанӯз ҳам ба вуруди созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ ва табибону наҷотбахшони хориҷӣ иҷоза намедиҳанд. Сарвазири Тайланд Самак Сандаравеҷ ахиран ба Мянмар омад, то хунтаро барои иҷозаи вуруд ба наҷотбахшони хориҷӣ мутмаъин созад, вале Пол Которн, раиси намояндагии созмони “Табибони бидуни марз” дар Тайланд, мегӯяд, ки ҳукумати Мянмар барои дарҳои кишварро ба рӯи созмонҳои хайрияи хориҷӣ боз кардан шитоб надорад.
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ин кумакҳо каму беш ба мардум мерасанд. Микеле Монтас, намояндаи дабири кулли СММ, гуфт, ки ахиран 24 тонна кумаки Раёсати СММ дар умури паноҳандагон ба Мянмар расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ созмони мазкур ба Мянмар 426 тонна озуқа фиристодааст ва аз ин кумак 74 000 нафар бархурдор шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир мардуми манотиқи офатзада аз он шиква доранд, ки мақомоти Мянмар ба онҳо ягон хел кумак ироъа намекунанд. Як зан, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба телевизиони «Садои демократии Мянмар» изҳор намуд, ки мақомот онҳоро ҳатто аз як қароргоҳи муваққатии бунёдкардаашон берун карданианд.
Ҳарчанд СММ қаблан аз имкони рух додани боз як тӯфони мудҳиш дар Мянмар ҳушдор дода буд, вале Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ иттилоъ дод, ки ягон нишонаи тӯфони нав дар Мянмар мавҷуд нест.