Аз Душанбе то ба Қундуз бо автобус

Тоҷикистон ва Афғонистон барои ифтитоҳи нахустин хатсайри автобусӣ миёни ин ду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст.

Ин тавофуқ ҳини сафари ҳайати тоҷикистонӣ ба Кобул ба даст омадааст, ки таҳти раҳбарии вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, ки ҳамзамон раёсати комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистонро аз тарафи Тоҷикистон ба ӯҳда дорад, аз 9 то 12 майи соли равон сурат гирифта ва дар идомаи он бархе дигар аз асноди ҳамкорӣ низ таҳия ва ба имзо расидааст.

Бар асоси тавофуқи ба дастомада, хатти сайри автобусӣ миёни Қундузи Афғонистон ва Душанбе - пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ мешудааст. Хати сайри автобусӣ байни Қундуз ва Душанбе нахустин хати мусофирбарии заминӣ миёни ду кишвари Афғонистон ва Тоҷикистон хоҳад буд.То кунун миёни Кобул, пойтахти Афғонистон ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҳафтае як маротиба тавассути ҳавопаймо робита вуҷуд дошт. Аммо ба таъйиди ҳарду ҷониб, барои равоуи мусофирин ва густариши ҳамкориҳо робитаи ҳавоӣ кифоят намекардааст.

Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ифтитоҳи хатти сайри мустақими Қундуз - Душанбе имкон медиҳад, равуои шаҳрвандон, ҷаҳонгардону сайёҳон ва тоҷирон афзоиш ёбад, ки дар ниҳояти амр бар суди ҳарду кишвар хоҳад буд. Оқои Хайрхоҳ афзуд, баъд аз он ки пули иртиботӣ дар фарози рӯдхонаи Панҷ дар минтақаи Панҷи поёни Тоҷикистон ва Шерхон –Бандари Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, шароит ва вазъ барои ифтитоҳи хаттисайри мазкур фароҳам шуд.

Аммо, афзуд оқои Хайрхоҳ, дар айни замон бархе аз мавонеъе, назири дарёфти саривақтии визои Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон ва набуди автобусҳои замонавӣ дар Афғонистон, ва аз тарафи дигар, ба таври кофӣ тармим нашудани ҷодаҳо барои анҷоми комили ин кор имкон намедиҳад. Аз ин хотир, дар марҳалаи аввал мусофирин аз ҳарду ҷониб то марз интиқол дода шуда ва сипас бо табдили автобус масирро идома хоҳанд дод.

Абдуфаттоҳ Юнусов, сардори раёсати роҳҳои заминӣ дар Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон гуфт, тавофуқи бадастомада ҷиҳати ифтитоҳи хаттисайри автобусӣ миёни Қундуз – Душанбе заминаи ҳуқуқиро барои анҷоми ин амр мусоид хоҳад кард. Зеро, ин санад дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, ки як қатор мушкилоти фаннӣ аз байн бурда шавад.

Оқои Юнусов гуфт, ҳамин ҳоло коршиносони се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон рӯи барномаҳои иртибототи заминии сеҷониба кор карда истодаанд ва бо оғози ин кор тавассути қаламрави Афғонистон дар ояндаи наздик имконот ва шароит барои пайвастан ба Эрон ва бо ин васила ба бандар низ фароҳам мешавад.

Дар ҳоли ҳозир низ тавассути қаламрави Афғонистон бархе аз тоҷирон аз Эрон ва Покистон ба Тоҷикистон ва аз ин кишвар ба кишварҳои мазкур молу коло интиқол медиҳанд. Аммо бар асоси манобеъи расмӣ, дар соли гузашта ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди чил миллион долларро ташкил додааст.