Баъди ба мақоми баландтарини Русия расидан Дмитрий Медведев пас аз маросими савгандёдкунӣ номзадии В. Путинро ба нахуствазирӣ пешниҳод кард.
Маросими савганди раисҷумҳури ҷадиди Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар кохи Кремл бо ҳузури пуршукӯҳи наздик ба 25 000 намояндаи мақомоти кишвар ва меҳмон бо шумули ҳайъатҳои дипломатии хориҷӣ баргузор гардид.
Дмитрй Медведев бо ниҳодани дасти рост болои Қонунии асосии Федератсиюни Русия ба ҳайси президент савганд ёд кард.
Матни савганд иборат аз 33 вожа мебошад ва муҳтавояш ин аст, ки дар ҷараёни пешбурди ихтиёроти раисҷумҳури Федартсиюни Русия аз ҳуқуқу озодиҳои одамон, аз истиқлол, амният ва якпорчагии давлат дифоъ хоҳад шуд. Баъди аз В. Путин рамзҳои давлатиро пазируфтани Дмитрий Медведов раиси додгоҳи конститутсионӣ Валерий Зоркин Дмитрй Медведевро сарвари нави давлат эълом кард.
В. Путин ва Д. Медведев суханронии фишурда карданд. Путин таййи суханони худ ҳамроҳ бо табрикот хостори он шуд, ки ибтидои кори Медведев дар мақоми нав, даврони ваҳдат барои минтақаҳо ва тамоми нерӯҳои сиёсии кашвар бошад.
Д. Медведев бо арзи сипос аз пуштбониҳои ҳамешагии В. Путин эълом кард, ки таҳкими ҳуқуқии сохтори давлатӣ ва беҳбуди зиндагии мардуми кишварро дар сархатти фаъъолияти худ қарор хоҳад дод.
Шабакаҳои марказии телевизиони Русия маросими савганди Д. Медведевро мустақиман пахш карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, маросими савганди Д. Медведев аз ду маросими савганди В. Путин дар солҳои 2000 ва 2004 бо ҳамин намоиши мустақим тафовут дошт, аммо тамошои толорҳои шоҳонаи дохили Кремл, ҳаракати корвони мошинҳои президентӣ ва сафороии горди президентӣ барои мардум ҷолибтар буд.
Дмитрий Медведеви 42-сола соли равон дар интихоботи президентии 2-вуми март бо дарёфти беш аз 70 дарсади ороъи мардум пирӯз шуд. Пас аз анҷоми маросимҳои савганд Д. Медведев фармони истеъфои кобинаи Виктор Зубковро имзо кард ва ҳамзамон ба Думаи давлатӣ барои тасдиқи номзадии В. Путин ба мақоми нахуствазир нома ирсол намуд , дар ин бора дастгоҳи раисҷумҳури нави кишвар хабар дод. Бино ба гузоришоти расмӣ, баррасии номзадии В. Путин ба мақоми нахуствазир дар Думаи давлатӣ дар зуҳри 8-уми май барномарезӣ шудааст.
Геннадий Зюганов, раиси ҳизби коммунисти Русия эълом кардааст, ки бар зидди номзадии Путин ба мақоми нахуствазир овоз хоҳанд дод, зеро барномаи иқтисодиву сиёсии ҳизби комуннист бо барномаҳои В. Путин мувофиқ нестанд. Ҳизби коммунист дар порлумон 57 курсӣ дорад.