"ТоҷикАзот" аз кор монд

Фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр мавсум ба «ТоҷикАзот» дар шаҳри Сарбанд, мутаваққиф гардида, зимнан беш аз 500 корманди ин ширкат аз кор берун карда хоҳанд шуд.

Тоҳирхон Ғозиев, раиси «ТоҷикАзот», бо таъйиди ин хабар мегўяд, иллати аслии аз фаъолият бозмондани ягона корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ ва азотии кишвар ширкати «Тоҷикгаз» аст, ки бар хилофи қарордод, дар интиқоли гази табиӣ ба ин корхона маҳдудият ҷорӣ кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо сипарӣ шудани зимистони қаҳратун, мавсими киштукор расида ва бахши кишоварзии кишвар ниёзи беш аз ҳарсола ба нуриҳои азотию минералӣ дорад. Тоҳирхон Ғозиев, раиси «ТоҷикАзот», мегўяд, бо тавқифи кори корхона аксар аз фанноварии гароннарху муосири он дар ҳоли садамавӣ қарор гирифта, ҳаҷми хисороти ворида низ қобили мулоҳиза будааст.

«Мо давоми ду ҳафтаи охир мо ба ҳамаи мақомот, аз ҷумла «Тоҷикгаз», ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати энержӣ ва саноат муроҷиат кардем. Бояд масъала дар давоми ду ҳафта ҳалли худро меёфт. Мутаасифона, то имрўз масъала номуайян боқӣ мондааст, гўё тақдири соҳаи кишоварзӣ ва 1100 корманди «ТоҷикАзот» касеро ба ташвиш намеорад. Хоҳиши корхонаи мо ҳамин аст, ки овози моро ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор шунаванд ва дар таъмини корхона бо газ кўмак бикунанд. Бунёди ин гуна корхона дар солҳои наздик амрест маҳол. Аммо агар ҳамин тавр кор кунем, сармоягузор ҳам ҳазинаи беохир надорад ва ҳамон таҷҳизоти будаашро истифода мекунему баъд тамом…»

Ва аммо ширкати «Тоҷикгаз» мегўяд, дар пайи коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон, ширкати «ТоҷикАзот» низ зимнан сўзишвории аз меъёр камтарро дарёфт мекунад, бо ин вуҷуд ки «ТоҷикАзот» пули газро пешпардохт кардаву ва «Тоҷикгаз» ба навбаи худ аз ин ширкат ним миллион доллари амрикоӣ қарздор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегўянд, бо тавқифи кори «ТоҷикАзот», ки як корхонаи муштарак буда ва асосан бо истифода аз сармояи хориҷӣ машғули кор аст, эътимоди сармоягузорон ба соҳаҳои иқтисоди кишвар коҳиш ёфта ва ҳамчун нишоне аз ноустувории бавижа риштаи саноати Тоҷикистон арзёбӣ хоҳад шуд. Саиди Маъруф, таҳлилгари тоҷик, дар ин иртибот мегўяд:

«90 дар сади корхонаҳои саноии маҳаллӣ имрўз фаъол нестанд ва бо манъи кори «ТоҷикАзот» ҳам аз эҳтимол дур нест, ки сармоягузорони хориҷии корхона аз он даст кашанд. Гузашта аз ин, барои чӣ ягон қонун ё қарори дахлдоре оид ба ҳимояи истеҳсолкунандаи худӣ нест. Ягон маҳсулот бе нуриҳои азотӣ тавлид намешавад. Ҳоло маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ наметавонад рақобат кунад. Мутассифона, касе истеҳсолкунандаро ҳимоя намекунад. Ҳол он ки тамоми давлатҳо кўшиш мекунанд, дар навбати аввал корхонаҳои дохилиашонро ба кор андозанд…»

Оқои Маъруф бо таъкид ба зарурати корандозии корхонаи «ТоҷикАзот» афзуд, таъмини амнияти озуқавории кишвар ба ширкати мазкур вобастагии зиёд дорад.

Масъулини «ТоҷикАзот» мегўянд, бо вуҷуди ин ки корхонаи мазкур танҳо ба 30 дар сади иқтидори солонааш кор мекунад, дар таъмини саросарии бахши кишоварзии Тоҷикистон бо нуриҳои азотӣ қодир аст ва яке аз ниҳодҳои аслии ғанисози буҷаи давлат мебошад. Агар корхона фаъолияти муназзам дошта бошад, танҳо андоз аз арзиши изофашудааш дар як мавсим ба 10 миллион доллар хоҳад расид.

Аммо масъулини «ТоҷикАзот» бими онро доранд, ки тақозоҳои ин корхона аз мақомоти кишвар ношунида мемонад, чун маъмулан дар Тоҷикистон истеҳсолкунандаи ватаниро чандон қадр ва пуштибонӣ намекунанд.