Мусобиқоти қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон бо ширкати 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе оид ба навъҳои гуштӣ тӯли ду рӯз идома кард.
Инчунин Абдулфайз Муллоев, аз шаҳри Хуҷанд, дар вазни то 68 кг, Шуҳрат Қарлиқов, аз ноҳияи Ёвон, дар вазни то 74 кг ва Фурқат Назриев, аз шаҳри Кӯлоб, дар вазни то 90 кг соҳиби медалҳои тило гардиданд.
Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 1-ум то 6-уми июн дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.