Як додгоҳи инқилобии Теҳрон се занро барои ширкат дар гирдиҳамоии сиёсӣ шартан ба 10 зарбаи тозиёна ва 6 моҳи зиндон маҳкум кард.
Насрин Афзалӣ, Ноҳид Ҷаъфарӣ ва Минӯ Муртазо дар аъмоли хилоф ба амнияти миллӣ, халалдор сохтани назму субот ва сарпечӣ аз амри пулис айбдор шуданд. Дигар аз ҳомиёни ҳуқуқи башар Зайнаб Пайғомбарзода, ки соли 2006-ум дар намоиши эътирозӣ ширкат дошт, бо ҳамин иттиҳомот барои 2 сол маҳкум ба маҳбас шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳама ҳукмҳо шартиянд, вале, агар таййи ду сол маҳкумшудагон гуноҳи дигаре содир кунанд, ҳатман ба маҳбас интиқол хоҳанд ёфт. Занони маҳкумшуда бо тасмими додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдаанд. Заҳро Арзанӣ, вакили дифоъи Ниҳоди Ҷаъфарӣ, дар суҳбат бо родиюи «Фардо» иброз дошт, ки ҳадаф аз ин гуна мурофиъаҳои додгоҳӣ ҷилавгирӣ аз идомаи ҷунбиши занон дар Эрон аст.
Худи хонум Ҷаъфарӣ мегӯянд, ки ду сол қабл онҳо дар канори бинои додгоҳ ҷамъ омада, қатъи таъқиби фаъъолони ҳуқуқи башарро талаб мекарданд. Вале кормандони пулис ин намоиши осоиштаро пароканда карда, ширкаткунандагони онро латукӯб ва боздошт намуданд. Ӯ мегӯяд, ки аз болои ин рафтори таҳқиромези кормадони пулис ба додгоҳ шиква кардааст ва аммо то ҳанӯз посухе нагирифтааст.
Дар навбати худ Насрин Афзалӣ мегӯяд, ӯ намефаҳмад, ки чаро фаъъолони ҳуқуқи башар бояд боздошт ва муҷозот шаванд. Ҳамаи занҳои маҳкумшуда дар маъракаи ҷамъоварии як миллион имзо ширкат доштанд. Созмондиҳандагони ин маъракаи ғайрисиёсӣ ва муваққатӣ мехостанд аз роҳи ҷамъоварии имзо Маҷлиси Эронро барои тағйири қавонини, аз нигоҳи онҳо, барои занҳо таҳқиромези кишвар, аз ҷумла, дар робита ба тақсими мерос, талоқ ва ҳифзи атфол водор созанд. Онҳо мегӯянд, ки бархе аз ин қонунҳо садсолаҳо пеш қабул шудаанд ва замони аз байн бурдан ё таҷдиди назар дар онҳо расидааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки баъд аз шурӯъи ин маърака дар моҳи августи соли 2006-ум 43 тан аз занҳои узви ҷунбиш боздошт шуданд ва додгоҳ аксари онҳоро дар амали хилоф ба амнияти миллӣ айбдор кардааст. Дигар аз ширкаткунадагони ин маърака Хадиҷаи Муқаддам аз аввали моҳ дар зиндон ба сар мебарад ва додгоҳи Теҳрон ҳукм намудааст, ки ӯ фақат баъд аз пардохти 110 000 доллар кафолатпулӣ метавонад чаҳорчӯби маҳбасро тарк кунад.
Меҳрангез Кор, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи башари Эрон, дар ин робита мегӯяд, ки мақомоти кишвар аз густардатар шудани ҷунбиши занон ва ба он пайвастани дигар қишрҳои ҷомиъа ҳарос доранд. Ӯ меафзояд, раҳбарони кишвар намехоҳанд, ки фаъъолони ҳуқуқи башар садо баланд кунанд ва маҳз ба ҳамин хотир додгоҳ занҳои фаъъолро шартан аз озодӣ маҳрум кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Теҳрон иттиҳоми кишварҳои Ғарб дар мавриди поймолшавии ҳуқуқи занҳо дар Эронро рад мекунад.