Хадамоти амниятии Русия хабарҳои нашршуда дар мавриди суиқасд ба ҷони чеҳраҳои аввали ин кишвар В. Путин ва Д. Медведевро рад мекунанд.
Нашрияи русии «Твой день», ки ба қаробаташ бо доираҳои амниятии ин кишвар маъруф аст, дар матлабе бо истинод ба манобеъи муътамадаш дар ниҳодҳои бехатарӣ нигоштааст, муфсидон қасд доштанд шоми 2-вуми март, ҳангоми суханронии Путину Медведев дар Майдони сурхи Маскав ба суи онҳо тир кушоянд. Аммо ҳамагӣ чанд соат қабл аз рух додани амали эҳтимолии террористӣ муҷрии асосии ин суиқасди омодашуда боздошт гардид, – менависад «Твой день».
Ниҳодҳои амниятӣ чанд рӯзи қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия бохабар шудаанд, ки ҷони Путину Медведев дар хатар аст. Ба гуфтаи манобеъи нашрия, бадсиголҳо ҳуҷраеро дар яке аз биноҳои кӯчаи Садовническая иҷора гирифта ва аслиҳаи лозим барои иҷрои суиқасдро пешакӣ онҷо ҳозир карда буданд. Исми иҷрокунандаи асосӣ ва мавзӯъи суиқасд фош шудааст, ва, ба қавли «Твой день», шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳвалад Усмонови 24-сола мебоист аз милтиқи дурбиндори хориҷӣ ба суи Путину Медведев тир мекушод. Шоми рӯзи интихоботи 2-вуми март дар Майдони сурхи Маскав намоиши ҳунарӣ бо ҳузури Путин ва Медведев дар назар дошта шуда буд. Барои нишонгири пуркор маҳз аз ҷониби кӯчаи Садовническая ба ҳадаф гирифтани ду раҳбари Русия бисёр мусоид ва осон буд.
Ва аммо хадамоти махсус, ки тамоми рӯз ба таҳқиқи воқеъияти иттилоъ дар бораи суиқасди эҳтимолӣ ба ҷони раисҷумҳури кунунӣ ва баъди Русия машғул буданд, манзили террористро пайдо карданд. Дар соати 8-и бегоҳ кормандони гурӯҳи вижаи ФСБ ба манзили Шоҳвалад Усмонов ҳамла карда, ӯро бо маҷмӯъи аслиҳааш дастгир карданд. Дар ҳамин ҳол, Усмонов муқовимат нишон надода, таслим шуд, менависад «Твой день», ва, дар ҳоле ки Путину Медведев дар Майдони сурх нутқ меронданд, боздоштшуда ба мақомоти амниятӣ баёнот медод.
Ҳоло Шоҳвалад Усмонов танҳо дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад. Вай инкор накард, ки яроқ ба худаш мансуб аст, аммо нагуфт, ки чунин милтиқи дурбиндорро чи кор мекунад.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти интизомии Русия ҳамроҳ бо хадамоти дигар ҷиҳати муайянсозӣ ва ҳам боздошти ташкилкунандагони ин суиқасд амалиёти махсус анҷом медиҳанд. Манобеъи дигаре иттилоъи мазкурро таъйид намекунанд ва то ҳол шарҳи расмии ин ҳодиса шунида нашудааст.
Масъулини ниҳодҳои амниятӣ иқрор мекунанд, ки шоми 2-вуми март гурӯҳе аз силоҳбадастонро воқиъан дастгир кардаанд, аммо ин як ташаккули сирф ҷиноӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл аз ин директори ФСБ Николай Патрушев дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, дар пайи дарёфти хабари суиқасдҳои эҳтимолӣ дар рӯзҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ кормандони хадамоти махсус тавонистанд сари вақт аз вуқуъи онҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Аммо ҷолиб ин аст, ки хабари суиқасдҳои эҳтимолӣ ба ҷони Владимир Путин ва Дмитрий Медведев дар чанд моҳи ахир бори чандум аст, ки нашр мешаванд. Се ҳафта қабл дар Барнаул як шаҳрванди 19-сола, ки аз тариқи Интернет паёмеро дар бораи суиқасди омодашуда ба ҷони Медведев дар маркази Алтай пахш кард, боздошт гардид.
Ҳамчунин якуним моҳи пеш сиёсатшиноси маъруфи амрикоӣ Эндрю Качинс суиқасд ба ҷони Владимир Путинро пешгӯӣ карда буд ва ин тахминзаниҳои сиёсатшиноси амрикоиро нашрияи «Коммерсант» (Русия) ба сурати густарда паҳн намуд. Ва ниҳоятан дар моиҳи октябри соли 2007 худи Кремлин манбаъи асосии паҳшнавии сару садоҳо дар мавриди сусқасди омодашуда ба Путин ҳангоми боздиди ӯ аз Теҳрон гардид.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки афзудани чунин сарусадоҳо – ҳатто асоси воқеъӣ ҳам надошта бошанд – ба хубӣ анҷом нахоҳанд ёфт, ва дар навбати аввал барои онҳое, ки муаллифи нашри ин гунна овозаҳо мешаванд.