Зодбуми "шоҳи силоҳфурушон" Тоҷикистон аст?

Дар ҷараёни як амалиёти амниятии ИМА дар Тайланд Виктор Бут, шахсияти маъруф дар олами қочоқчиёни аслиҳа дастгир шуд.

Виктор Бут аз симоҳои маъруфи олами қочоқчиёни силоҳ ба шумор меравад. Корномаи ӯ боиси наворгирии филм дар Ҳолливуд шудааст. Дар байни муштариёни Бут ал-Қоида, Толибон ва диктаторҳои африқоӣ зикр мешаванд.

Бут ва коршарикаш Эндрю Смулиан дар шаҳри Ню-Йорк бо кӯшиши фурӯши аслиҳа ба ФАРК, яъне Нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия, муттаҳам мебошанд. Майкл Гарсия додситони минтақавии Ню-Йорк мегӯяд, Бутро ҳамчунон бо тавтеаи таъмини аслиҳа ба созмони террористии хориҷӣ айбдор медонанд. Вашингтон ба ҳукумати Колумбия барои мубориза бо ошӯбгарони марксисти гурӯҳи ФАРК ба маблағи миллиардҳо доллар кумак расондааст.

Агар Бут ва Смулиан ба ИМА супурда шаванду додгоҳи Ню-Йорк ҷурми онҳоро собит кунад, ҳар яке аз онҳо то 15 солро дар зиндон хоҳад гузаронд. Вале додгоҳи Тайланд тасмим гирифтааст, Бутро ибтидо дар Бангкок муҳокима намуда, дар ҳоли исбот шудани гуноҳаш ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кунад.

Ба гуфти додситони амрикоӣ, Бут ва коршарикаш ризоят доданд, ки ошӯбгарони ФАРК-ро бо мушакҳои замин-ҳаво ва пойгоҳҳои мушакандоз таъмин намоянд. Миқёси ин муомила возеҳ нашудааст, вале тибқи гузоришҳо Бут мебоист ба хотири интиқоли аслиҳа 5 миллион доллар ҳаққуззаҳмат гирад.

Собиқ афсари артиши Шӯравӣ Бут бо поймол намудани таҳрими СММ дар солҳои навадуми қарни гузашта муттаҳам мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ ба Толибон, ал-Қоида ва диктатори Либерия Чарлз Тейлор аслиҳа содир менамуд.

Тарҷумаи ҳоли Бути 41-сола зиёд дақиқ нест, вале тибқи гузоришҳо ӯ дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Бут бо шиносномаҳои кишварҳои мухталифи собиқ Шӯравӣ ва номҳои мухталиф зуҳур намудааст. Бисёриҳо мегӯянд, Бут собиқ ходими пинҳонии КГБ мебошад. Ӯ донишгоҳи низомии забонҳои хориҷиро хатм намуда, бо якчанд забон озод ҳарф мезадааст. Нақши Юрий Орлов дар филми "Шоҳи ҷанг"-и Ҳолливуд бар асоси кору зиндагии Бут наворгирӣ шудааст.

Вале соли 2002 дар яке аз сӯҳбатҳояш ба расонаҳои Русия Бут гуфта буд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бо Толибону ал-Қоида муомила накардааст.