Имрӯз дар як ҳамоиш бо ширкати гурӯҳе аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони мақомоти давлати Тоҷикистон масоъили амнияти Осиёи марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳерберт Залбер, мудири маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои САҲА, дар ин нишаст бекории густарда, буҳрони энержӣ, фақри сартосарӣ ва низоъҳои мазҳабиро аз авомили эҳтимолии таҳдид ба субот ва амниятдар Тоҷикистон ва минтақа арзёбӣ кард.
Оқои Залбер афзуд, ки Тоҷикистон баъд аз пушти сар кардани як давраи ҷанги шаҳрвандӣ ором ба назар мерасад ва дар маҷмӯъ дар ин кишвар суботу амният таъмин шудааст, аммо то ҳоли ҳозир пайомадҳои ин ҷанг ба мушоҳида мерасад: «Шояд баъзе аз пайомадҳои ин ҷанг дар ҷомиъа ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст».
Вале мудири маркази ҷилавгирӣ аз мунозиъоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мушкилоти иҷтимоъӣ ва махсусан фақри густарда дар ҷомиъаи Тоҷикистонро манбаъи асосии таҳдид ба амнияти кишвар унвон кард.
Ин дар ҳолест,ки, ба эътиқоди коршиносон, мавҷудияти фақри сартосарӣ ва набуди ҷои кору маоши муносиб барои низоъ ва муноқишаҳои эҳтимолӣ замина ва шароити мусоид фароҳам мекардааст.
Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки фақр ва нодорӣ метавонад боиси бурузи ихтилоф ва муноқишаҳо натанҳо дар Тоҷикистон балки дар кишварҳои дигари минтақа низ шавад. Ва дар ҳоли ҳозир, ки дар Тоҷикистон ин мушкилот танҳо дар пайи муҳоҷирати меҳнатӣ бартараф мешавад, метавон гуфт, ки раванди муҳоҷират низ омили дигари хатарофар боқӣ мемонад.
Яке дигар аз замина ва ё авомили таҳдид ба амнияти ҷомиъа дар Тоҷикистон ба таври босуръат густариш ёфтани доираи фаъолияти мазоҳиби ғайрисуннатӣ дар ин кишвар аст. Ба эътиқоди коршиносон, решаи ин низоъ низ ҳамоно бармегардад ба фақру нодорӣ. Зеро бештари афроде, ки табдили мазҳаб кардаанд, ба маҳзи ҳамин нодорӣ ва камбизоъатӣ даст бо ин кор задаанд.
Яке дигар аз замина ва ё авомили таҳдид ба амнияти ҷомиъа дар Тоҷикистон ба таври босуръат густариш ёфтани доираи фаъолияти мазоҳиби ғайрисуннатӣ дар ин кишвар аст. Ба эътиқоди коршиносон, решаи ин низоъ низ ҳамоно бармегардад ба фақру нодорӣ. Зеро бештари афроде, ки табдили мазҳаб кардаанд, ба маҳзи ҳамин нодорӣ ва камбизоъатӣ даст бо ин кор задаанд.
Аммо Қобил Бобоев, мудири бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки густариши равия ва мазоҳиби исломии ғайрианъанавӣ ҳарчанд дар марҳалаи кунунӣ таҳдиди мустақим ба амният намеорад, аммо далоиле зиёд мавҷуд аст, ки аз ҳоло ҳатто дар хонаводаҳо дар ин замина нофаҳмиҳо сар задаст. Зеро, меафзояд оқои Бобоев, ҳоло дар як хона падар дар мазҳаби ҳанафист, писар – пайрави салафия ва ё ҷараёни дигар.
Дар ҳамин ҳол, мудири бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон муътақид аст, ки ташкили суҳбати уламои маҳаллӣ бо ҷавононе, ки дар хориҷ аз кишвар таълимоти исломӣ гирифтаанд, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз чунин низоъҳои эҳтимолӣ метавонад бошад. Ва танҳо баъди баргузории чунин суҳбатҳо метавон ин ҷавононро барои анҷоми масъулият дар муассисоти динӣ таъйин намуд.