Нашрияи пурнуфузи “Washington post” исми президенти Тоҷикистонро дар миёни раҳбароне ҷой додааст, ки бо вуҷуди нақзи ҳуқуқи инсон, аз пуштибонии ҳукумати ИМА бархӯрдор ҳастанд. “Washington post” аз нашрияҳои бонуфузи сиёсии ИМА аст, ки назару мавқеи он ба тасмимгирандаҳои муҳим дар Амрико ва ҷаҳон таъсир дорад. Мақолае, ки рӯзи 8 сентябр таҳти унвони “Панҷ поймолкунандаи ҳуқуқи башар, ки аз пуштибонии ИМА бархӯрдоранд” дар сомонаи “Washington post” нашр шудааст, раҳбарони Ӯзбакистон, Баҳрайн, Тоҷикистон, Туркманистон ва давлати Гвинеяро ба ин феҳраст ворид кардааст.
Ин мақола нахуст аз таърихи ҳамкориҳои Вашингтон бо режими Чад дар солҳои 1980 ва президенти диктатори он Ҳабре намуна овардааст, ки дар 8 соли раҳбариаш мунҷар ба қатлу шиканҷаи 240 ҳазор нафар шуд. Ҳоло раҳбари собиқи коммунистии ин кишвари воқеъ дар нимҷазираи Саҳро бояд дар баробари додгоҳ посух гӯяд. Дар идома, муаллифи мақола аз 5 раҳбаре ёдовар мешавад, ки, ба қавли ӯ, шояд амрикоиҳои оддӣ аз аъмоли онҳо чизе намедонанд.
Дар сархати феҳраст Ислом Каримов, президенти Ӯзбакистон қарор дорад. Нашрия мегӯяд, ки ин раҳбари собиқи коммунистӣ баъди касби истиқлоли кишвар дар соли 1991 бо шеваи сахте тамоми мухолифони сиёсӣ – дигарандешу журналистонро саркӯб кард. Соли 2005 нирӯҳои амниятии кишвар ба ҷониби эътирозгарони Андиҷон оташ кушода сабаби ҳалокати садҳо нафар шуданд. Вале имрӯз маъмурияти президент Барак Обама “ба Каримов эҳтиром” нишон медиҳад ва Ӯзбакистонро ба ҳайси як кишвари муҳими сиёсатҳои худ дар Афғонистон арзёбӣ мекунад. Соли ҷорӣ Тошканд аз Вашингтон 300 мошини низомие дарёфт кард, ки азимтарин кӯмаке ба як ҷумҳурии Шӯравии собиқ мебошад, омадааст дар мақола.
Дар мақоми дуюми ин феҳраст шоҳи Баҳрайн Ҳамад Бин Исо Ал-Халифа ҷой гирифтааст. Нашрия мегӯяд, Халифа эътирози шиаёнро дар соли 2011 саркӯб кард ва садҳо нафари дигарро ба зиндон андохт. Дар Баҳрайн пойгоҳи низомии амрикоӣ ҷойгир аст ва баъди як интиқоди кӯтоҳе аз саркӯби эътирозҳо, Вашингтон, ба навиштаи “Washington post”, дубора ба кӯмаки ин шоҳигарӣ идома дод.
“Washington post” дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон навиштааст, ки дар аҳди Раҳмон ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи башар афзуда, мухолифон ва матбуоти мустақил бо муқовимати шадид рӯбарӯ шуданд. Нашрия бо такя ба гузориши Human Rights Watch мегӯяд, ки боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон бо ҳадафи дарфёти эътирофи гуноҳ шиканҷа мешаванд. “Washington post” гуфтааст, ки дар баробари таъқиби аққалиятҳои ҷинсӣ, озодиҳои мазҳабӣ ҳам маҳдуд мешаванд. Созмони Freedom House ин кишварро дар феҳрасти давлатҳои “ноозод” ҷой кардааст. Моҳи гузашта дар паи эълони тасмими баста шудани ҲНИТ, ин созмон ҳукумати Раҳмонро “диктотурӣ” номид, гуфта шудааст дар мақола.
Нашрия бо такя ба номаҳои маҳрамонаи созмони фошкори WikiLeaks навиштааст, ки Раҳмон ва аъзои оилааш "барои ҳимояти манфиатҳои тиҷоратии худ” аз “тадбираҳои сангин истифода мекунанд. “Washington post” таъини "афроди наздик ба мақомҳои муҳим ва фасод”-ро як бахши фарҳанги ҳукумати ин кишвар унвон карддааст. Бо вуҷуди ин, мегӯяд нашрия, ИМА Раҳмонро барои пешбурди манфиатҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз ҷангиёни исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як раҳбари калидӣ арзёбӣ мекунад. Охири моҳи август генерал Ллойд Остини 3, раҳбари ситоди марказии ИМА дар Душанбе бо Раҳмон мулоқот ва муборизаи муштарак бо терроризму қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кард.
Ҳамингуна ин нашрия президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва раҳбари Гвинея - Теодоро Обиянг Нгуема Мбасогоро ба унвони шарикони муҳими ҳукумати ИМА ва ҳам саркӯбгартарин раҳбарони озодии баён ва ҳуқуқи инсон ном бурдааст.