Ин бозии даври аввали гурӯҳи D рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манамаи Баҳрайн барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум рӯзи 16 октябр бо мунтахаби ҷавонони Чин рақобат мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор мешавад. Бозии ниҳоии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо тими Австралия доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 19-сола аз 13-ум то 30-юми октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн сурат мегирад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври баъдӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки дар чемпионати ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн дастаҳо барои чаҳор роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола
Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.
Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.
Гурӯҳи «D»: Узбакистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.
Тақвими бозиҳо
Даври 1-ум
13 октябр (панҷшанбе)
1. Баҳрайн – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
2. Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
14 октябр (ҷумъа)
3. Кореяи Шимолӣ – Ветнам. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
4. ИМА – Ироқ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
5. Қатар – Эрон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
6. Ҷопон – Яман. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
15 октябр (шанбе)
7. Узбакистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
8. Чин – Австралия. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
Даври 2-юм
16 октябр (якшанбе)
9. Арабистони Саудӣ – Тайланд. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
10. Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
17 октябр (душанбе)
11. Ветнам – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
12. Ироқ – Кореяи Шимолӣ. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
13. Эрон – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
14. Яман – Қатар. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
18 октябр (сешанбе)
15. Тоҷикистон– Чин. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
16. Австралия – Узбакистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
Даври 3-юм
19 октябр (чоршанбе)
17. Баҳрайн – Тайланд. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
18. Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
20 октябр (панҷшанбе)
19. Кореяи Шимолӣ – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
20. Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
21. Қатар – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
22. Яман – Эрон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
21 октябр (ҷумъа)
23. Узбакистон – Чин. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
24. Австралия – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
Бозиҳои чорякниҳоӣ
23 октябр (якшанбе)
25. 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
26. 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
24 октябр (душанбе)
27. 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
28. 1 «D»– 2 «С». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
27 октябр (панҷшанбе)
*Плей-офф 1 – Мағлубшудаи 25 – Мағлубшудаи 27. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
*Плей-офф 2 – Мағлубшудаи 26 – Мағлубшудаи 28. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
Бозиҳои ниманиҳоӣ
29. Ғолиби 25 – Ғолиби 27. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
30. Ғолиби 26 – Ғолиби 28. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
30 октябр (якшанбе)
*Плей-офф 3 – Ғолиби плей-офф 1 – Ғолиби 2. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
Бозии ниҳоӣ
31. Ғолиби 29 – Ғолиби 30. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
* Бозиҳои плей-офф дар мавриде баргузор мешаванд, ки агар Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад. Дар ин маврид ғолиби плей-офф-3 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доир мешавад, роҳхат мегирад.