Марде, ки рӯзи 6-уми июн худро дар назди бинои Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб оташ зад, дар бемористон даргузаштааст. Дар ин бора хешовандони Зариф Абдуллоев ба Радиои Озодӣ хабар доданд ва дар бемористон ҳам гуфтанд, ки "Зариф Абдуллоев баъд аз сӯхтани баданаш ба ҳуш наомад ва рӯзи 8-уми июн даргузашт".
Ба гуфтаи масъулони бемористон, 90 дарсади бадани Зариф Абдуллоев сӯхта буд ва зери дастгоҳи нафасдиҳӣ қарор дошт ва ба табибон муяссар нашуд, ки ӯро наҷот бидиҳанд. Зариф Абдуллоев, сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори Кӯлоб, ба гуфтаи масъулони огоҳ аз қазия, бо Идораи молияи Кӯлоб ҳамкорӣ дошта, муассисаҳои томактабии Кӯлобро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст.
Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, ду моҳ пеш ширкати нонпазии хонаводаи Зариф Абдуллоев муфлис мешавад ва Раёсати молия пулеро, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: "Идораи молия гӯё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад, баъдан пулашро медиҳанд. Ӯ аз пули қарз ин корро мекунад ва борҳо ба Идораи молия меояд, вале пули харҷи боғчаҳоро намедиҳанд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз дари Идораи молия берун омада, бо якчанд зарби корд худашро захмӣ кард ва баъдан оташ зад."
Аммо Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон, рӯзи 8-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ қарздор будани идораи молияи Кӯлобро аз Зариф Абдуллоев рад кард.
Вай гуфт: "Нонпазие, ки ба хонаводаи Абдуллоевҳо тааллуқ дорад, ба номи Файзулло Абдуллоев сабт шудааст. Ин корхона бо чанде аз боғчаҳои кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб бо шартнома кор мекард. Соли 2018 ба маблағи 57 ҳазор сомонӣ ва соли 2019 ба маблағи 142 ҳазор сомонӣ ба боғчаҳо хидмат расондааст, вале имсол қисме аз боғчаҳо аз хидмати он даст кашиданд."
Ба қавли Бахтиёр Назарзода, "Зариф Абдуллоев як рӯз пеш аз ҳодиса ба назди сардори идораи молияи Кӯлоб рафта будааст. Ваъдаи ҳалли мушкилро гирифта, аз онҷо хурсанд рафтааст. Навори дурбинҳои назоратиро дидем, Зариф Абдуллоев дар қабулгоҳ нишаста буд. Сабти рӯзи шанбе нишон медиҳад, ки ӯ соати 6 ба банкомати назди бинои идораи молия омада, корти худро месанҷад ва сипас дуртар рафта, худро оташ мезанад."
Аммо аҳли хонаводаи Зариф Абдуллоев мегӯянд, ӯ ҳамвора аз он шикоят мекард, ки 24 ҳазор сомонӣ пулашро аз идораи молияи шаҳри Кӯлоб гирифта наметавонад.
"Аз хона варақе ёфтем, ки бар асоси он боғчаи кӯдаконаи рақами як 1200 сомонӣ, боғчаи рақами ду 16000 сомонӣ, боғчаи рақами се 2470 ва боғчаи рақами ёздаҳ 4645 сомонӣ қарздоранд. Санадҳои дигарро муфаттиш гирифтааст ва ваъда дод, ки ба мо ҳам нишон медиҳад", - гуфтанд аъзои оилаи Зариф Абдуллоев.
Сардори раёсати молияи вилояти Хатлон мегӯяд, боғчаҳои бачагона дар умум аз корхонаи нонпазии Зариф Абдуллоев 21 ҳазор сомонӣ қарздоранд, вале ба сабаби пандемияи коронавируси нав натавонистанд онро саривақт бидиҳанд.
Наздикони Зариф Абдуллоев ҳамзамон аз нигаронанд, ки мақомот ҳанӯз бо онҳо суҳбат накардаанд, то паҳлуҳои дигари қазия ошкор шавад.
Бино ба баъзе аз хабарҳо, мақомоти интизомӣ мехоҳанд, дар ин замина бо моддаи "расонидан ба худкушӣ" парванда кушоянд. Дар Тоҷикистон чунин навъи эътироз то кунун ба ин шева расонаӣ нашуда буд.
Зариф Абдуллоевро рӯзи 8-уми июн дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Дар маросими дафни ӯ, садҳо нафар ширкат доштанд.