Расонаҳои ҷаҳонӣ ин хабарро, ки нахуст нашрияи арабии англисизабони Gulf News нашр кардааст, рӯзи 15 май ба саросари дунё бо ин ишора паҳн карданд, ки ҳақиқати ин воқеа аз ҷасуронатарин хаёлот ҳам бартар аст.
Моҳи гузашта 36-солаи урдунӣ Ҳанон Маҳмуд Абдулкарим дар зоидани тифл бо мушкил рӯбарӯ гашт ва пизишкон маҷбур шуданд, навзодро бо ҷарроҳии C-section ё “кесарево сечение” аз батни модар берун оранд. Тифл саломат ба дунё омад ва боиси хушҳолии аҳли оила гашт. Аммо ин поёни достон набуд.
Хонаводаи Ҳанон ба зудӣ ошкор карданд, ки на ҳама чиз дуруст аст – шиками ӯ меларзид ва сахт дард мекард. Ва рӯз то рӯз даст шадидтар мешуд.
Оқибат, шавҳраш ӯро ба бемористони Ал-Башир бурд ва дар озмоиши рентгенӣ дида шуд, ки мушкил чист. Мушкил ин буд, ки пизишке телефони мобили худро дар шиками Ҳанон фаромӯш карда буд.
Боварнакарданист? Вале қиссаҳои зиёде мавҷуд аст, ки ҷарроҳон дар бадани бемороне, ки онҳоро ҷарроҳӣ мекунанд, чизҳоеро фаромӯш мекунанд.
Рӯзномаи Washington Post дар соли 2014 навишта буд, ки пизишкон дар ҳар ҷарроҳии 5500 то 7000-ум аз беэҳтиётӣ ин ё он ашёро дар бадани бемор фаромӯш мекунанд.