Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баталйони занона дар ... артиши Тоҷикистон? (ВИДЕО)


Tajikistan,Dushanbe city, a tajik millitary women participated at 20th Anniversaty of Tajik national Army,23February2013
Tajikistan,Dushanbe city, a tajik millitary women participated at 20th Anniversaty of Tajik national Army,23February2013

Дар Тоҷикистон баҳсе дармегирад, ки чаро занону духтаронро барои хидмати Ватан ба артиш намегиранд? Бархе мегӯянд, хидмати низомӣ кори занона нест, вале посух ба онҳо ин аст, ки пас баробарии марду зан чӣ мешавад?

«Дар Чин занону духтарон бо ҳавопаймоҳо ё тайёраҳои ҳарбиву ҷангӣ парвоз мекунанд. Замони Шӯравии пешин низ занҳо дар артиш фаъол буданд, аммо чаро Тоҷикистон чунин зан надорад? Чаро зани тоҷик наметавонад дар сари чамбараки ҳавопаймои ҷангӣ нишинад?»

Бо чунин паём дар шабакаи «Одноклассники» духтари ҷавон Катерина Ҳасанова гуфтааст, ки мехоҳад, дар артиш хизмат кунад. Дар посух ба ӯ яке аз истифодабарандагони шабака гуфтааст, хидмати занон дар артиш зарбаи сахте ба мардон аст, зеро онҳоро ба нанг меорад, ки худ, бе ягон маҷбуркунӣ ба хидмати ҳарбӣ раванд.

Аммо ҷавоне бо номи Баха ҳузури занонро дар қувваҳои мусаллаҳ ғайримантиқӣ медонад. Вай мегӯяд, ки занҳо бояд дар хона нишаста, бачаҳои далеру ҷасур бизоянд, на ин ки мӯза пӯшидаву дар артиш хизмат кунанд. Ба андешаи ӯ, артиш ҷоест, ки дар он ҳар лаҳза ҷони кас дар хатар аст. Баха ба онҳое, ки бо ӯ ба баҳс нишастаанд, суол додааст, ки дар сурати «ба муҳосира афтоданаш зани сарбоз чӣ кор бояд кунад?»

Бо вуҷуди онки духтарони зиёде гуфтаанд, ҳаваси хидмат дар артишро доранд, яке аз онҳо бо номи Никита мегӯяд, зӯртарин зан ҳам тоби машаққати сарбозиро надорад: «Ҳарчанд замони мактабхонӣ тамоми писарони синфро мезадам ва тамоми ҳамсолонам аз ман ҳарос доштанд, аммо боз ҳам гумон мекунам, ки артиш ҷои мо нест.»

Аз 10 000 нафаре, ки дар назарсанҷии ин баҳс ширкат кардаанд, аксарият ё 6 700 нафар зидди хидмати занон дар артишанд, вале тарафдорони хидмати сарбозии занҳо мегӯянд, пас баробарии мардум зан чӣ мешавад?

Аммо агар аз олами маҷозӣ ба зиндагии воқеӣ рӯй орем, чӣ манзараро мебинем? Пурсишҳои кӯтоҳи сарироҳии мо нишон дод, ки майли занон ба либоси ҳарбӣ ва гардондани аслиҳа зиёд аст.

Дилдора, як ҷавонзани тоҷик гуфт, агар ӯро чанд сол пеш ба хидмати ҳарбӣ даъват мекарданд, ҳатман мерафт. Зеро он вақт муҷаррад буд ва чунин имкону хоҳишро дошт. Ҳоло модари фарзандони хурдсол аст, аммо ба нерӯи духтарон бовар дорад: «Ҳоло кадом кор аст, ки духтарон аз ӯҳдаи он набарояд? Мо низ баробари мардон аз ӯҳдаи ҳама кор мебароем. Дар Фаронсаву Амрико бубинед, духтарҳо дар артиш чӣ гуна фаъолона кор мекунанд.»

Аммо ҷавони тоҷик Сӯҳроб Шукуров мегӯяд, занҳо чандон бозуи қавие надоранд, ки дар артиш хизмат кунанд: «Дар сурати ягон воқеа писарон метавонанд Ватанро дифоъ кунанд, аммо гумон надорам, ки занҳо аз ӯҳдаи ин кор бароянд. Онҳо тавони ҷанг карданро надоранд ва наметавонанд Ватанро дифоъ кунанд.»

Бо вуҷуди чунин баҳои бархе аз ҷавонон вазорати дифои Тоҷикистон аз ҳузури занон дар қуваҳҳои мусаллаҳ истиқбол мекунад. Сардори шӯъбаи корҳои тарбиявии раёсати кор бо ҳайати шахсии вазорати дифои Тоҷикистон, Ҳуснбону Хушдилова, ки рутбаи сарҳанг ё полковник дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хизмат дар артиш мушкил аст, худи ӯ наздики 20 сол боз дар баробари мардон чун афсар фаъолият дорад.

Ба гуфтаи сарҳанг Хушдилова, то чанд сол пеш ӯ ва чаҳор зани дигари ҳамкораш баробари мардон шабона навбатдорӣ ва кӯчаҳои шаҳрро дидбонӣ ҳам мекарданд. Аммо боре андеша намекарданд, ки онҳо зан ҳастанд ва аз ӯҳдаи вазифа баромада наметавонанд: «Мо дар ноҳияҳо мегардем ҳангоми гузаронидани корҳои таблиғотӣ. Баъзе духтарон муроҷиат мекунанд, ки чаро онҳоро ба артиш намебаранд? Онҳо мегӯянд, ки майли дар артиш хизмат карданро доранд. Аммо мутаассифона, шумораи ин гуна духтарҳо чандон зиёд нест.»

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир
Ҳуснбону Хушдилова меафзояд, барои ҷалби бештари занон ба артиш пешниҳод шудааст, то дар коллеҷҳои ҳарбӣ факултаҳои махсуси духтарона кушода шаванд. Аз қабили омода кардани равоншиносони ҳарбӣ ва ходимони алоқа. Аммо боз ҳам барои занон аз касбҳое сӯҳбат мешавад, ки дар онҳо орзуи нишастан паси чамбаракаи ҳавопаймои ҷангӣ бозтоб надорад.

Коршиноси умури низомӣ Маҳдии Собир мегӯяд, аз он ки қонунгузорӣ фаъолияти занҳоро дар ин ё он мақомот маҳдуд накардааст, онҳо метавонанд дар артиш ҳам кор кунанд. Аммо аз он ки артиш ҷойи душвор аст, ҷисми зан ба он, ба ақидаи Маҳдии Собир, чандон созгор нест: «Мо навъҳои гуногуни хизмат дар артишро дорем, ки фаъолияти занҳо дар баъзеи онҳо ҳеҷ имкон надорад. Масалан, зан ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад силоҳ ба даст гирифта, як нафарро бикушад. Ё мошинҳои зиреҳпӯшу тонк ронад. Чун десант дар майдони ҷанг аз чархбол ба замин парида ,ба душман ҳамла кунад. Занҳо танҳо чун котиба ва ё алоқачӣ метавонанд дар артиш хизмат кунанд.»

Бо вуҷуди он ки тарафдорони хизмати духтарон дар артиш назар ба мухолифони ин ақида камтаранд, дар як ҷомеаи суннатие чун Тоҷикистон рӯ задани ин мавзӯъ нишонаи он буда метавонад, ки рӯзе бонувон дар қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ҷойгоҳи муҳимтаре касб хоҳанд кард.

Занҳо ба артиш раванд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
XS
SM
MD
LG