Бо қарори додгоҳе дар Мянмар ду хабарнигори оҷонсии Reuters - Ва Лоне ва Куав Сое Уу - барои нақзи қонуни сирри давлатӣ гунаҳкор дониста шуданд.
Тамоми ҷараёни мурофиа масхараи адолати додгоҳӣ буд
Ҳардуро то 7 соли зиндон интизор аст. Додгоҳ рӯзи 3 сентябр гуфт, ки ин ҳукм ниҳоӣ ва тағйирнаёбанда аст. На эътирози ширкати Reuters, на нигарониҳои созмонҳои байналмиллалии ҳомии озодии байн, на норизоияти матбуоти маҳаллӣ таъсир накард: ҳукми додгоҳ бетағйир монд.
Хабарнигорони Reuters моҳи декабри соли гузашта боздошт шуданд. Ин ду хабарнигор дар ҷараёни тафтишот гуфтанд, ки як ходими ношиноси полис ҳуҷҷатеро барои анҷоми таҳқиқот ба онҳо дод ва дар ниҳоят, барои ҳамин санад ҳам ҳардуро боздошт карданд.
Журналист: Моро ноодилона гунаҳгор карданд
Ва Лоне, журналисти боздоштшуда гуфт, ки боздошт, иттиҳом ва ҳам ҳукми додгоҳ ноодилона буд: «Моро ноодилона гунаҳкор карданд. Гуфтанд, мо қонуни сирри давлатиро нақз кардем. Мо аз рӯи стандартҳои журналистӣ кор кардем ва тасмим надоштем ба кишварамон зарар расонем».
Ширкати Reuters мегӯяд, дар асл ин коғаз як баҳона буд. Ҳақиқат ин аст, ки хабарнигоронро барои анҷоми як таҳқиқоти журналистӣ дар заминаи ҷиноятҳои зидди мусалмонҳои Роҳинҷа ҳабс карданд. Таҳқиқоти журналистии онҳо нишон дод, ки нерӯҳои Мянмарро маҷбур кардаанд, ки дар чандин кушторе, ки ба ҳангоми муноқишаҳо рух додааст, ширкат кунанд.
Шумори он мусалмонони Роҳинҷа, ки ҳангоми фирор аз кишвар ҷони худро аз даст додаанд, маълум нест. Бовар меравад, ки ҳазорҳо нафар қатл ва садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукми хабарнигоронро маҳкум кард
Стивен Адлер, президенти ширкати Reuters мегӯяд:
«Онҳоро туҳмат карданд. Дар додгоҳ як капитани полис гуфтааст, ки ба дасти онҳо қасдан ҳуҷҷатҳоеро доданд, ки метавонанд бо он хабарнигоронро маҳбас кунанд. Инро вай дар толори додгоҳ гуфт. Мурофиа бояд бо ҳамин анҷом мешуд. Боз як шоҳиди дигар аз пулис гуфтааст, ки сабти кардааш махфӣ аст ва наметавонад онро нишон диҳад. Шоҳидони давлатӣ баёноти худро аз рӯи коғаз хонданд, то чизеро фаромуш накунанд.»
Ҳукми ду журналист боиси интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Аз ҷумла, Дэн Чагг, сафири Бритониё дар Мянмар ин ҳукмро “зарба ба адолати судӣ ва озодии баён” номид. Йоҳан Халенборг, мушовири сафорати Шветсия дар Мянмар гуфт, ин “қадаме ба ақиб барои озодии баён ва журналистика дар Мянмар” аст.
Ҳукми журналистонро ҳомиёни ҳуқуқи инсон ҳам маҳкум карданд. Мишел Бачелет, комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон гуфт: “тамоми ҷараёни мурофиа масхараи адолати додгоҳӣ буд”.
Соли 2012 Мянмар расман ба худкомагиву сензура хотима дод, вале мушкили набуди озодии баён ва матбуот ҳал нашуд. Ҳангоми рондани қавми Роҳинҷа асосан расонаҳои хориҷӣ ҷиноятҳои неруҳои давлатиро ошкоро пушиш доданд.