Сем Потоличио, профессори соҳаи сиёсат ва иртибототи иҷтимоии Амрико, ки муддати як ҳафта боз дар Тоҷикистон қарор дорад, барои мудирону донишҷӯён ва кормандони ширкату созмонҳо дарси маҳорати суханварӣ омӯзонд. Дар дарси навбатӣ, ки рӯзи 18-уми сентябр дар Душанбе гузашт, доираи соҳибкорону кормандони бахшҳои иртибот бо ҷомеа даъват шуданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Сем Потоличио мегӯяд, дар ҳар замон барои мудир зарур аст, ки донад чигуна бо коргар, бо шарики корӣ ҳамсуҳбат шавад ва фикру назари навро ба онҳо бифаҳмонад. “Ман шодам, ки бо даъвати сафорати Амрико муддати як ҳафта дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Исфара ва Душанбе бо донишҷӯён ва шахсони синни гуногун вохӯрдам”, - афзуд ӯ.
Сафари Сем Потоличио ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки баъзе аз шунавандагони ин дарсҳои маҳорат мегӯянд, ба ғайр аз чанд дарсе ин ришта то ҳол дар мактабҳои олии кишвар дар бахшҳои алоҳида таълим дода намешавад. Ба гуфтаи устодони ин ришта, омӯзиши маҳорати суханварӣ барои мудирон ва онҳое, ки бо мардум дар робита ҳастанд, як амри зарурист.
Сулҳия Ҳайдарова, шунавандаи дарси маҳорати суханварӣ аз меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” гуфт, “намедонам, то чӣ андоза дар мактабҳои мо санъати суханварӣ дарс дода мешавад, вале ингуна дасрҳо бояд на танҳо дар мактабҳои олӣ, балки дар мактабҳои миёна ҳам бояд бошад. Тавре имрӯз аз ин дарс фаҳмидем, омӯзиши маҳорати суханварӣ хусусан барои онҳое, ки мехоҳанд дар сиёсат ва тиҷорат карйера кунанд, зарур аст.”
Профессор Сем Потоличио ба Тоҷикистон бо ташаббуси сафорати Амрико ва Анҷумани тиҷоратии Амрико омадааст. Ӯ аз профессорони варзида ва мудири кафедраи иртиботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар донишгоҳи Ҷорҷтауни Амрикост, ки то ҳол дар 85 донишгоҳи ҷаҳон лексия хонда, соҳиби ҷоизаҳои баланди илмӣ ҳам шудааст.