Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти адвокатҳоро 50 овоз мушаххас мекунад


Лоиҳаи нави қонун дар бораи адвокатура, ки ахиран пешниҳод шуд, истиқлолияти вакилони дифоъро аз байн мебарад- мегӯянд адвокатҳои тоҷик.

Ин лоиҳа, ки бо ширкати гурӯҳи вижаи иборат аз масъулони вазорати адлия, вакилони порлумон ва иддае аз вакилони дифоъ таҳия шудааст, агар ба ҳукми қонун дарояд, вакилони дифоъро вобастаи вазорати адлия мекунад. Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ низ зери суол омадани истиқлолияти адвокатҳоро соқит намекунанд. Кумиссиюни байналмилалии ҳуқуқшиносон, ки ба ин лоиҳа ошно шудааст, мегӯяд ки «ин санад озодии адвокатҳоро аз байн мебарад.».

Аммо Абдуманон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиёи Озодӣ гуфт, ин иддаоро бепоя хонд ва гуфт, ки ин ҳарфҳо асоси воқеӣ надорад.

Ҷаноби Холиқов мегӯяд, вазорати адлия қасди назорат бар фаъолияти кулли адвакатҳоро надорад. Ба гуфтаи ӯ ҳадаф танҳо санҷидани донишу малакаи касбии ҳуқуқдонҳо аст, на маҳдуд кардани фаъолияти онҳо.

Ҷаноби Холиқов дар шарҳи ин ин мавзӯъ гуфт, пас аз тасдиқи қонун дар назди Вазорати адлия гурӯҳе таъсис меёбад, ки "ба ҷуз додани сататус кори дигаре намекунад. Танҳо тариқи овоздиҳи дониши адвокатҳоро санҷида, дар сурати гирифтани беш аз 50 дарсад овоз ба онҳо иҷозаи фаъолият медиҳад.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

Ҳамзамон ҷаноби Холиқов гуфт, баъзе адвокатҳо танҳо ба хотири манфиати молӣ ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ба душ мегиранд ва шаҳрвандонро гумроҳ мекунанд. "Вале на ҳамаи онҳо чунин ҳадаф ва дониши пасти ҳуқуқӣ доранд", таъкид кард ӯ.

Аммо иддае аз ҳуқуқдонҳо ва адвокатҳо муътақиданд, ки лоиҳаи қонуни нави адвокатура фаъолияти онҳоро маҳдуд мекунад.

Абдуқодир Раҳимов, адвокати тоҷик ва яке аз коршиносони лоиҳаи нави қонуни адвокатура мегӯяд, дар ин санад чанд банде аст, ки мустақилияти ҳимоятгаронро комилан аз байн мебарад. Ин аст, ки ба гуфтаи 8 коллегияи амалкунандаи адвокатҳо зиддӣ қабули ин қонун мебошанд: «Моддаҳои ин қонун вобастагии моро ба Вазорати адлия зиёд мекунад. Банди 13-и ин қонун комиссияи тахассусиро комилан дар ихтиёри адлия гузоштааст. Муовини вазири адлия алаккай раиси комиссияи тахассусӣ интихоб шудааст.»

Ҷаноби Раҳимов меафзояд, ки шаш моддаи лоиҳаи нави қонун дар бораи адвокатура мустақилияти вакилони дифоъро сад дар сад таъмин кардааст, аммо ҳашт моддаи дигари ин қонун баръакс ҳамаро маҳдуд мекунад.

Бо вуҷуди мухолифатҳо, гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳо бар ин назаранд, ки қабули лоиҳаи Қонун дар бораи Адвокатура то андозае қобили қабул аст. Зеро ин қонун метавонад сатҳи адвокатҳои ғайрикасбӣ ва тасодуфиро коҳиш медиҳад.

Иноят Иноятов, ҳуқуқдони дигари тоҷик мегӯяд бо қабули ин қонун танҳо вазорати адлия метавонад ба адвакатҳо салоҳияти кор диҳад. Ӯ мегӯяд, беҳтар мебуд агар чунин салоҳиятро давлат ба созмони адвокатҳо медод, то истиқлоли онҳо таъмин шаванд.

Дар Тоҷикистон 8 коллегияи адвокатҳо ва ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили дифоъ фаъолият мекунад. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 800 адвокат соҳиби иҷозатнома аст, ки ҳар яки онҳо ба 9200 нафар ҷамъияти кишвар рост меояд.
XS
SM
MD
LG