Додгоҳи Гулистон (Қайроққуми собиқ) Равшаной Мирхоҷаева – сокини 28-солаи ин шаҳрро, ки қаблан дар яке аз клубҳои шабона ба ҳайси раққоса кор мекардааст, ба ҷурми қасди иштирок дар ҷангҳои Сурия 12 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Наргис Ёдгорзода, додраси парванда, рӯзи 18 апрел ба Озодӣ гуфт, ки боздошт ва муҳокимаи Равшаной пас аз дастгир шудани шавҳараш - Наврӯзшоҳ Галлабонов - дар фурудгоҳи Минск ва истирдодаш ба Тоҷикистон сурат гирифтааст. "Галлабонов декабри соли 2014 қасд доштааст аз Беларус ба Туркия равад, вале аз сӯи нерӯҳои интизомии он кишвар боздошт шуда, ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Истиқлол (Табошаҳри пешин) ӯро ба ҷурми қасди иштирок дар ҷангҳои Сурия 14 сол ба зиндон фиристодааст," – афзуд додрас.
Ӯ гуфт, Равшаной ва Наврӯзшоҳ никоҳи ғайрирасмӣ (бидуни ҳуҷҷат) дошта, бо ташвиқи бародари дувумӣ бо номи Зоиршоҳ ба майдонҳои ҷанг рафтанӣ будаанд. Ба қавли додрас, Зоиршоҳ дар Туркия қарор доштааст.
Бар асоси иттилои манобеи додгоҳи шаҳри Гулистон, Равшаной дар соли 2012 дар клуби шабонаи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси раққоса кор карда, бо Наврӯзшоҳ ошно шудааст ва онҳо чанд муддат ба унвони зану шавҳар дар онҷо зиндагӣ кардаанд. Сипас, онҳо ба Русия рафта ва дар муҳоҷират нақшаи сафар ба Сурияро тарҳрезӣ кардаанд.
Наргис Ёдгорзода гуфт, аммо Равшаной Мирхоҷаева рӯзи 19 декабри соли 2014 қасд доштааст, аз Душанбе ба Истанбул парвоз кунад. “Вале тавассути SMS аз боздошти шавҳараш дар Минск хабардор шуда, билети парвозро бозгардондааст,” – гуфт ӯ.
Пули сафари Туркия -- як ҳазор доллари амрикоӣ ва даҳ ҳазор рубли русиро ба вай Наврӯзшоҳ Галлабонов - ҳамболинаш аз Русия фиристодааст.
Вале Мадина Дадобоева, вакили мудофеи Равшаной Мирхоҷаева мегӯяд, розӣ шудани зерҳимояаш барои сафари Туркия, ба қасди рафтан ба ҷанги Сурия набуд, балки бо ин роҳ мехост қарзашро, ки шахси савум барои сафари ӯ харҷ карда буд, аз шавҳараш бозпас бигирад.
Хонум Дадобоева ҳамчунин гуфт, бо дархости зерҳимояаш аз додгоҳи вилоятӣ бозбинии парвандаи ӯро тақозо хоҳад кард. Вай афзуд: “Равшаной Мирхоҷаева зани намозхон набуд, бо либосҳои ҳозиразамон мегашт ва дар ду толори шабонаи Хуҷанд раққоса шуда кор кардааст. Дар Русия ҳам тағйир наёфта, ҳамчун зани “современный” гаштааст. Агар вай як зани ифротгаро мебуд, чӣ тавр дар толори шабона раққосагӣ мекард.”
Мақомоти интизомии вилояти Суғд мегӯянд, ки тайи беш аз як соли охир дар ин минтақа ҳудуди 600 нафарро ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт кардаанд, ки 93 ҳолаташ ба се моҳи аввали соли ҷорӣ рост меояд. Мақомот мегӯянд, тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва пайвастани махсусан ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои мамнӯъ равона кардаанд ва ин ҳадафи онҳо натанҳо аз боздошт, балки аз корҳои фаҳмондадиҳӣ низ иборат аст.