Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизбонии Тоҷикистон аз мунтақидони режими Эрон дар Душанбе


Душанбеи расмӣ, ки то кунун Теҳронро ба пуштибонӣ аз мухолифонаш дар хориҷ муттаҳам мекард, чанде аз мунтақидони режими исломии Эронро дар пойтахт мизбонӣ намуд.

Ҳафтаи гузашта дар Душанбе бо иштироки чанде аз шоирону пажӯҳишгарони мухолифи режими кунунии Эрон нишасте баргузор шуд, ки дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт. Эрониҳое, ки ба Душанбе омада буданд, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – Амрико, Фаронса, Итолиё ва Австралия – зиндагӣ мекунанд ва аксарият дар Эрон мамнуъулвуруд ҳастанд.

Дар ҷараёни нишаст ва ҳам берун аз он пажӯҳишгарон ва шоирони бурунмарзии Эрон аз сиёсати президенти Тоҷикистон ситоиш карданд. Баръакс, мухолифони тоҷик дар Аврупо аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон норозиянд ва пайваста аз он танқид мекунанд.

Масъуди Сипанд, аз Амрико омадааст ва ғазалеро қироат кард, ки аз ҷумла ин ду мисраъро дарбар мегирифт:

"Безорам аз аммомаи чун мори мулло,

Ҳам тахт ва ҳам тоҷу кулоҳро дӯст дорам!"

Ҳафиз Бобоёров, пажуҳишгари тоҷик, ки бо бисёре аз донишмандони Эрон дар хориҷа ҳамсуҳбат шудааст, мегӯяд, эрониҳои бурунмарзӣ Тоҷикистонро ба хотири доштани як низоми давлатии дунявӣ хуш доранд, чун "аз режими саркӯбгарӣ исломӣ дар Эрон безоранд".

"Назари онҳо ин аст, ки муҳим нест дар Тоҷикистон низоми сиёсӣ чӣ гуна аст: шоҳигарӣ ё демократӣ. Муҳим дунявӣ бошад, на исломӣ. Ба ин бовар ҳастанд, ки дар ҳар низоми дунявӣ, хоҳ демократӣ бошад ё ғайри он, имкон дорад ормонҳои миллиро пиёда кард", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо таҳлилгари тоҷик мегӯяд, шинохти онҳо аз вазъияти Тоҷикистон дуруст нест ва то ҳадде ормонӣ аст ва ҳамин гуна муносибати онҳо ба режим дар вақташ боис шуда буд, ки ҳукумати шоҳ дар Эрон сарнагун шуда, ба ҷояш режими исломӣ биояд. Вай афзуд: "Арзишҳои миллӣ дар сурате метавонанд татбиқ шаванд, ки ҷомеа дар баробари дунявӣ будан, сохти демократӣ дошта бошад."

Муносибати ҳукумати Тоҷикистон ба озодиҳои динӣ дар кишвар чанд сол боз аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон танқид мешавад. Ҳомиёни ҳукуқ Душанберо барои саркӯби дигарандешон ва маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд. Таҷлили ҷашну идҳои зиёд бо хариҷи зиёди маблағҳои будҷа низ интиқод мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ҳадафи Душанбеи расмӣ аз даъвати эрониёни паноҳанда дар кишварҳои хориҷӣ маҳз "машруият" бахшидан ба ин сиёсатҳост, то ба аҳолии худ ва ҷаҳониён нишон бидиҳад, ки сиёсатҳои пешгирифтааш дар хориҷ ҳамовози зиёд дорад.

Барои мисол, Ҳумер Абрамиён, пажуҳишгари эронӣ аз Австралия, дар нишасти Душанбе аз таҷлили иди Меҳргону Тиргон дар Тоҷикистон ситоиш кард, ки ба гуфтаи ӯ дар Эрон ба боди фаромӯшӣ рафтаанд. Абрамиён дар идома пешниҳод кард, Донишгоҳе бо номи Куруши бузург дар Душанбе бунёд шавад: "Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бузург бошад."

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, Душанбе ҷашни Куруши Кабир, таҳиякунандаи нахустин эъломияи ҳуқуқи башарро таҷлил кунад. "Гузашта аз ин, мо номаи президенти Тоҷикистонро ба роҳбарияти ЮНЕСКО дар бораи ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил кардани ҷашни Меҳргон ва Сада фиристодем. Ин ҷашнҳо дар қатори Наврӯз таҷассумгари тамаддуни қадимии тоҷикон мебошад", -- гуфт ӯ.

Дар ҷавоб ба ин суол, ки "оё дар шароити феълӣ баргузор кардани чунин чорабиниҳои пурхарҷ судовар аст?" Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, "баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо ба фоидаи Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи ҷаҳониён аст. Зеро тавассути русум ва суннатҳои аҷдодӣ, ки дар меҳвари онҳо таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ қарор доранд, ҷаҳониёнро ошно сохта, худ низ аз таҷрибаи дигарон меомӯзем."

Мизбонии Душанбе аз мунтақидон ва мухолифони ҳукумати исломии Эрон дар Душанбе дар ҳолест, ки чаҳор соли қабл иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон хашми Душанберо ба бор оварда буд. Ин нишаст оғози сардии муносибатҳои Теҳрону Душанбе гашт, ки дастикам чаҳор сол идома кард ва ба бастани чанд маркази фарҳангии Эрон ва қатъи воридоти молҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сабаб шуд. Агар дар гузашта сокинони Тоҷикистон Эронро яке аз кишварҳои дӯст медонистанд, ҳоло бо эҳтиёт сухан мекунанд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Эрон бо масъалаи таҳрим ва фишорҳо аз сӯи кишварҳои абарқудрати дигар банд аст ва барои баррасии нишасти мунтақидонаш дар Душанбе "вақт надорад". Вай гуфт, "ҳоло Теҳрон аз чаҳор тараф зери фишор аст: аз сӯи Амрико, кишварҳои араб ва ҳатто Русия. Бино ба ин, ба назари ман, ҳатто вақт надорад, ки ба чунин нишасте дар Душанбе вокуниш нишон диҳад. Албатта, Эрон аз чунин нишаст эҳтимол норозӣ аст, аммо таваҷҷуҳи зиёд нахоҳад кард ва вокунише ҳам нишон намедиҳад."

Муллоҷонов гуфт, Тоҷикистон бо низоми дунявӣ ва қаробати фарҳангӣ бо мардуми Эрон метавонад сайёҳони ин кишварро бештар ба хоки худ ҷалб кунад ва аз ин ҳисоб фоидаи молӣ бардорад.

Гурҷистон ва Арманистон бо таваҷҷуҳ ба маҳудият дар истифодаи машрубот дар Эрон ва баргузории консертҳо шумори зиёди сайёҳонро аз Эрон ҷалб мекунанд ва суди молӣ мегиранд. Дар Тоҷикистон ҳам чанд дафъа консерти овозхонҳои машҳури эронии муқими Аврупо ва Амрико баргузор шудааст, ки бахше аз иштирокдоронаш эрониҳои муқими Тоҷикистон ва сайёҳони эронӣ будаанд.

Вале Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, аз кишварҳои дигар дида Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон Эрон зарфият ва имконияти бештар дорад. Аммо гаронии нархи билети ҳавопаймо ва бархӯрди начандон дӯстонаи маъмурони интизомӣ ва камбуд дар инфрасохтори гардишгарӣ боис шудааст, ки сайёҳон аз Эрон ба Тоҷикистон зиёд намеоянд.

XS
SM
MD
LG